Перейти к содержимому
 

Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи намуди инфиродӣ дар миёни писарон ду ҷои аввалро варзишгарони Тоҷикистон ишғол намуданд. Сомон Амонов сазовори медали тилло ва Фарҳод Ғайратзода сазовори медали нуқра шуданд. Миёни духтарон ду ҷои аввал насиби намояндагони Қазоқистон шуд. Ҷои аввалро Данаия Амангажиева, ҷои дуюмро София Сафиулина сазовор шуданд. Медали биринҷиро варзишгари мо Аниса Яҳёева ба даст овард.