Бино бар иттилоъи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 сентябри соли равон дар пойтахт 11 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода мешаванд. Яке аз ин таълимгоҳ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 мебошад, ки корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шуд. Бинои Муассиса аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 350 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.