Перейти к содержимому
 

Оғози басти 3-юми истироҳат дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ.

Дар таърихи 14 июл  кӯдакону наврасони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе барои истироҳату фароғат ба басти 3-юми истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ  гусел карда шуданд. Дар 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, аз ҷумла  «Шарора» -и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 180 нафар, дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» -и ноҳияи Шоҳмансур 250 нафар, дар истироҳатгоҳи «Гулхан» -и ноҳияи Сино -200 нафар, дар истироҳатгоҳи «Орзу» -и ноҳияи  Фирдавсӣ 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.