Субҳи 14-уми июн кӯдакону наврасони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе барои истироҳату фароғат ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ гусел карда шуданд. Хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Гулхан» гусел карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки ба истироҳатгоҳи «Гулхан» 200 нафар дар як баст аз синни 7 то синни 13 сола ҷалб гардиданд. Ба иттилои масъулин ба ин истироҳатгоҳ ғолибони озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо, инчунин хонандагони фаъоли Муассисаҳо сафарбар карда шуданд. Ҳамзамон аз Мактаб интернати №1- ум барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе 20 нафар барои истироҳату фароғат ҷалб гардиданд.