Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар доираи барномаи мазкур кӯдакон бо шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр» аз наздик шинос шуда, инчунин дар озмунҳои саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан-Модар ва чистонҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда шуд. Дар ин рӯз кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ширкатдоронро бо толорҳои Осорхона шинос намуда, тамошои экскурсионӣ доир карданд.