Озмуни «Эъҷози сухан»
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдому ташаббусҳои фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғиби бештари китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодию суханварӣ ва маҳорати касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ дар байни кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита озмуни китобхонӣ ва шеърдониро таҳти унвони «Эъҷози сухан» эълон намуд.
Баъд аз эълони баргузории озмуни «Эъҷози сухан» ба унвони котиботи он аз номи бештар аз 160 довталаб аз ҳисоби ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио аз кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дархости ширкат ворид шуд. Мувофиқи низомнома иштирокчиён аз рӯйи ду номинатсия китобхонӣ ва шеърдонӣ назди ҳайати ҳакамони босалоҳият баромад мекунанд. Озмун шурӯъ аз 30-уми май давоми 4 рӯз давом хоҳад кард. Аз Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» 10 нафар дар номинатсияҳои дар боло зикр шуда, иштирок мекунанд.
Рӯйхати иштирокчиёни ТВ «Баҳористон» дар озмуни
«Эъҷози сухан»
1. | Насим Раҳимов-муҳаррир | Китобхонӣ |
2. | Мавлон Мирзоев-муҳаррир | Китобхонӣ |
3. | Умед Шарифзод-сармуҳаррири идораи мусиқи | Китобхонӣ |
4. | Нусратулло Ҳасанов-муҳаррир | Шеърдонӣ |
5. | Рухшона Қудусова-муҳаррир | Шеърдонӣ |
6. | Музаффар Сулаймонӣ-коргардон | Китобхонӣ |
7. | Наврӯзҷон Боев-муҳаррир | Шеърдонӣ |
8. | Давлатов Ҷумъахон-муҳаррир | Китобхонӣ |
9. | Сафар Аюб-муҳаррир | Китобхонӣ |
10. | Махфират Ашӯрова-муҳаррир | Шеърдонӣ |