
ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. То оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31май) ду рӯзи дигар боқӣ монд. 8 толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории чорабиниҳои канорӣ, ки 29 май дар чаҳорчӯби ин конфронс доир мегарданд, пурра омода карда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.
Дар ҳошияи ин конфронс баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст. Аз ин рӯ барои гузаронидани конфронсҳои канории ин чорабинии муҳими сатҳи ҷаҳонӣ ҳамаи толорҳо бо дастгоҳҳои зарурӣ ва тарҷумонҳо омода мебошанд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхҳо ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторингро, ки ба фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ намоянд.
Дар конфронс инчунин масъалаи рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо баррасӣ гардида, роҳҳои амалии коҳиш додани ин таъсир ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои вобаста ба пиряхҳо омӯхта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.