Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе Форуми зиёиёни эҷодкор ва олимони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд.

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор шуда, ходимони илм, фарҳанг, маориф ва воситаҳои ахбори оммаро муттаҳид менамояд.

Дар форум натиҷаҳои соли 2024 ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон тавсияҳо таҳия карда мешаванд.

Форум то 15 май идома меёбад.

Аз ҷараёни Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузориши муфассал пешниҳод мегардад.