Перейти к содержимому
 

Дар бораи мо

Таърихи телевизион

   Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 № 350 таъсис дода шудааст. Мақсади  таъсиси Муассиса дар  рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ тарбия кардани кӯдакону наврасон, шиносоӣ бо арзишҳои волои милливу умумибашарӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бадеию эстетикии онҳо мебошад.

  Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 4 сентябри соли 2006 дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон»  иштирок намуда, бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ  фаъолияти ТВ «Баҳористон»-ро оғоз намуданд.

  Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ( Шоири халқии Тоҷикистон) аввалин Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» таъин карда шуд. Аз 10 феврали соли 2010 дар вазифаи Директори ТВ «Баҳористон» Давлатзода Зевар Маҳмудӣ то моҳи июни соли 2015  фаъолият намудааст. Аз моҳи июни соли 2015 Амирзода Дилафрӯз Субҳон  ба ҳайси Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» кор мекунад.

  Дар Муассиса 4 идораи эҷодӣ, 6 -шуъба ва  7- бахш амал мекунад. Пахши ҳамарӯзаи барномаҳо мутобиқи нақшаи  тасдиқшуда сурат гирифта,  мувофиқи пешниҳоди идораҳои эҷодӣ ҳар семоҳа ва нимсола тағйир меёбад. Намоишҳои шабака аз соати 7.00 оғоз гардида, то соати 22.00 давом мекунад. Барномаҳо асосан бо забони давлатӣ таҳия шуда, бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ    мавод    пахш   мегардад. Айни  замон  дар  Телевизиони  «Баҳористон» беш аз 50 барномаи гуногунжанру гуногунмавзӯъ таҳия мегардад. Фазои пахши намоишҳо дар қаламрави кишвар ба 88, 01 фоиз мерасад. Яке аз роҳҳои ҷалби тамошобинон ба шабака истифодаи техника ва технологияи муосир мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» дар натиҷаи  мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва  ба меъёрҳои муосири  телевизионӣ мутобиқ гардонидан,  баъд аз 12 соли фаъолият  ба пахши дақиқияташ баланд, яъне формати HD гузашт.


Айни  замон  гуруҳи эҷодии Телевизиони  «Баҳористон»  чунин  барномаҳоро  пешниҳоди тамошобинон мегардонад.

 Маъмурият

«Се духтаракон»

«Бояд донем»

«Замин –хонаи мо»

«Таҷриба»

«English for us»

«Чигилак»

«Нодир»

«Бо ҳам меёбем»

«Аз сомонаи ТВ «Баҳористон»


 Идораи иттилоотӣ

«Хабар»

«Сӯҳбати рӯз»

«Чӣ бояд кард? »

«Маскани ҳунар»


Идораи варзишу бозиҳои шавқовар

 «Таҳамтан»

«Гурдофарид»

«Матин»

«Ситораҳои футбол»

«7 рӯзи варзиш»

«Ҳафтранг»

«Ғунча»

«Офарин»


Идораи фарҳангӣ-фароғатӣ

«Тақдир»

«Дунёи меҳр»

«Тоҷикистон- кишвари ман!»

«Полези сеҳрнок»

«Фарзин»

«Сарбоз»

«Навгониҳои синамо»

«Панҷаи ҳунар»

«Фурӯғи субҳи доноӣ»

«Касби ман»

«Олами техника»

«Ҳусни баён»

«Ифтихор»

«Кӯлоҳи сеҳрнок»

«Беҳтар аз дӯст»

«Маҳбуб»

«Телеафиша»

«Маҳфили хониши бадеӣ»

«Ангубин»

«Маҳфили адибони наврас»

«Сайри кишвари маҳбуб»

«Буд набуд»


Идораи мусиқӣ

«Соҳибҳунар»

«Эҳсоси дилҳо»

«Парвин»

«Рӯзномаи Парвин»

«Мо ва ҷонварон»

«Як соат»

«Наво»

Озмуни рассомон