Перейти к содержимому
 

Парвин


16.01.2019


Сабти барномаи навбатии “Парвин” бо иштироки кӯдакону наврасони  боистеъдод  давом дорад.  Чун ҳамешагӣ озмун дар 3 бахши санъати мусиқӣ овозхонӣ, навозандагӣ ва рақс пешкаши ҳакамону мухлисон гардид. Ин дафъ дар бахши сарояндагӣ Қурбонали Расулов бо Маҳина Воҳидова, дар жанри навозиш Манучеҳри Умедҷон  бо Шукрулло Шамсзода ва дар ҳунари рақс Муҳайё Абдуқаюмова бо Меҳрофарини Маҳмадҳаким рақобат карданд. Агар хоҳед донед, ки кадоме аз ин иштирокчиён даври аввали озмунро гузаштанд, пас барномаи “Парвин”-ро рӯзҳои наздик дар шабакаи мо интизор шавед!