Перейти к содержимому
 


26.12.2018


Сапти шоу-барномаи “Парвин” бо иштироки кӯдакону наврасон дар саросари кишварамон идома дорад. Барномаи навбатии “Парвин” дар шаҳри Ҳисор сапт гардид. Чун ҳамешагӣ озмун дар 3 бахши санъати мусиқӣ овозхонӣ, навозандагӣ ва рақс пешкаши ҳакамону мухлисон гардид. Ин дафъ дар бахши сарояндагӣ Манижа Норова бо Шоҳҷаҳон Ашӯров, дар жанри навозиш Мӯҳтадор Раҷабзода бо Абубакр Ёров ва дар ҳунари рақс Ирода Мухторова бо Шабнам Аслонова рақобат карданд. Агар хоҳед донед, ки кадоме аз ин иштирокчиён даври аввали озмунро гузаштанд, пас барномаи “Парвин”-ро рӯзҳои наздик дар шабакаи мо интизор шавед!


26.12.2018


Намоиши дӯстдоштаи на танҳо хурдсолон, балки калонсолон “Ангубин” бо иштироки тамоми иштирокчиёни ин барнома дар маркази дилхушии кӯдакона “Мадагаскар” сапт шуд. Ин барномаи солинавӣ хеле хотирмону ҷолиб гузашт, зеро ин дафъа иштирокчиён бо волидони худ меҳмони барнома шуданд.


13.12.2018


Барномаи навбатии “Парвин” бо иштироки кӯдакону наврасон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сапт шуд. Чун ҳамешагӣ озмун дар 3 бахши санъати мусиқӣ овозхонӣ, навозандагӣ ва рақс пешкаши ҳакамону мухлисон гардид. Ин дафъ дар бахши сарояндагӣ Султон Хатзиев бо Мавзуна Сангинова, дар жанри навозиш Зикруоллоҳ Қурбоналиев бо Комил Чиллаев ва дар ҳунари рақс Дилафрӯз Саидова бо Дилдора Неъматҷонова рақобат карданд. Агар хоҳед донед, ки кадоме аз ин иштирокчиён даври аввали озмунро гузаштанд, пас барномаи “Парвин”-ро дар шабакаи мо интизор шавед!


13.12.2018


Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон” ба хотири тарғибу инъикоси мавзеъҳои таърихии кишвари азизамон таҳти унвони “Тоҷикистон- хонаи ман” озмуни телевизионии рассомони наврасро эълон менамояд!