Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми зиёда аз ду даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба об ва иқлим пешниҳод, қабул ва амалӣ гардида, ба мавҷудияту рушди ояндаи ҷомеаи инсонӣ робита дорад, саривақтӣ аст. Зеро таърихи мавҷудияти зиёда аз шашҳазорсолаи табори ориёинажод, хосатан миллати тоҷик гувоҳ бар он аст, ки фитрати сириштии он ба созандагӣ моил буда, дар ин росто, зимни ҳалли ин ё он масъалаи миллӣ манфиат ва амнияти кулли инсоният дар мадди назар гирифта мешуд. Чунин баёни андеша намудааст Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оид ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва иқлим.

Идома

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.

Ин тадбир дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани суръати Интернет ва паст намудани арзиши он андешида мешавад. Ин иқдом  муҳиму зарурӣ буда, барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет шароити мусоид фароҳам меорад.

Он ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ ба бахши телекоммуникатсияи мамлакат мусоидати фаъол менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ин тадбир баҳри иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, паст намудани арзиши хизматрасонии алоқаи мобилию интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои мамлакат ба роҳ монда шудааст.

ДУШАНБЕ, 17.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Даври чоруми озмун тариқи барномаи махсуси компютерӣ, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳия гардидааст, гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғоз ҷонибҳо аз тавсеаи муколамаи байни роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат, ки хусусияти мунтазам касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки соли равон раванди густариши муносибатҳои дуҷониба идома дода шуд.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳи май амалӣ гардид, дар байни ду давлат Эъломияи ҳамкории ҳампаймонӣ ба имзо расид, ки аз сатҳу муҳтавои баланди ҳамкории дуҷониба гувоҳӣ медиҳад.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ибрози назар намуданд.

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар доираи сафари корӣ ва дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ» бо иштироки доираи васеи олимони ватаниву хориҷӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

идома

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2023 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 27 патенту нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 патенти ОсиёАврупо  барои ихтироот ба даст оварданд. Ҳамчунин 5 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот низ гирифта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо иттилоъ доданд, дар ин давра олимони  академия таҳқиқотро аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла  68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17  мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо беш аз 1990  кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 100 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 1890 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1740 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 150 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расонида шуд.

ДУШАНБЕ, 17.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти якуми Русия Борис Елтсин Фестивали дӯстии халқҳо ба анҷом расид, ки дар маросими ҷамъбасти он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия хабар доданд.

Идома

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Идома

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро  мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Идома