Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия самимона истиқбол гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 25.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни наврасон, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир шуд, ғолиб шуда, ду медали тилло ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Идома

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия озмуни байналмилалии иҷрокунандагони созҳои нафасӣ ва зарбӣ «MARCATO» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни шуъбаи созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо роҳбарии омӯзгори кафедра  Далер Раҷабов иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шиддат гирифтани муносибатҳои байналмилалӣ байни давлатҳо дар масъалаи истифодаи оби дарёҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи об хусусияти дурбинона доранд. Дар  ин хусус корманди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев  Муҳайё Давлатбекова ба АМИТ «Ховар» ибрози андеша намуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре  аз саҳифаҳои таърих бароямон маълум аст, давлати Сомониён яке аз давлатҳои мутамаркази давраи асримиёнагии миллати тоҷик маҳсуб шуда, дорои азамати хосса будааст. Низоми давлатдории Сомониён аз ҷониби олимону донишмандони ватанию хориҷӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар ин боб осори зиёди илмиву адабӣ рӯйи кор омадааст. Осори донишмандон Бобоҷон Ғафуров, Нуъмон Неъматов, Аҳрор Мухторов, Маъруфҷон Исоматов ва дигар олмони тоҷик  далели воқеии ин гуфтаҳо мебошанд. Чунин нигоштааст омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҷобир МАРДОНЗОДА дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ “Ховар” ирсол гардидааст. Номбурда дар идомаи мақола  чунин изҳори матлаб намудааст:

Идома

ДУШАНБЕ, 24.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» як сол сипарӣ гардид. Давоми як соли  амали он  баҳри татбиқи босамари он  кадом тадбирҳо андешида шуданд? Муҳимият ва зарурати қабули ин қонун дар чӣ ифода меёбад?  Ба ин ва чанд саволи дигар хабарнигори АМИТ «Ховар»  муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода посух дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон намуд, ки пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25 декабри соли 2023 муқаррар гардидааст.

Идома

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Усулҳои такмили таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /НИАТ «Ховар»/. 22 декабря Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали на улице Рахими района Сино столицы сдали в эксплуатацию красивое современное здание Центра обслуживания «Дунёи ош» («Мир плова»).

Идома