Перейти к содержимому
 

Подшоҳии Баҳрайн аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол намуд.

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн аз натиҷаҳои мулоқоти сегонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд,  истиқбол намуда,  изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн хабар доданд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн чунин омадааст: «Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Подшоҳии Баҳрайнро аз имзои Шартномаи сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни се мамлакат баён намуд.

Вазорати корҳои хориҷӣ табрикоти самимии Подшоҳии Баҳрайнро ба ҳукуматҳо ва мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баён дошта, изҳори умедворӣ намуд, ки ин иқдоми мусбат пайвандҳои ҳамкорӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии се ҷумҳуриро тақвият бахшида, боиси некӯаҳволӣ ва шукуфоии мардумони бо ҳам дӯст хоҳад шуд ва ба таҳкими амният, субот ва сулҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд».