Перейти к содержимому
 

Муаррифии лоиҳаҳои бунёди варзишгоҳ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст ва такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи ангоравии иншооти варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти варзишӣ дар масоҳати наздики 21 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки беҳтар шудани шароит ба рушди соҳаи варзиш ва афзудани дастовардҳои варзишгарони кишвар мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ анҷоми босифати корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Лоиҳаи дигаре, ки дар ин ҷо муаррифӣ шуд, лоиҳаи такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошад. Лоиҳаи мазкур бо кумаки грантии Ҷопон татбиқ шуда, барои беҳбуди вазъи беҳдошти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тавассути дастрасии бештар аз 50 ҳазор нафар ба об амалӣ мешавад.

Барои татбиқи ин лоиҳа ҳукумати Ҷопон тавассути JICA тақрибан 14 миллион доллари ИМА кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.

Лоиҳа дар ҳамкории зич бо КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Дар доираи лоиҳа шаҳраки Ҷомӣ ва 7 деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо об таъмин карда мешаванд.