ДУШАНБЕ, 25.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-31 октябр Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, назм ва тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун баргузор карда мешавад.
Ҳамзамон озмун барои бартарияти ҳуқуқ, рушду инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ҷомеаи маданӣ, густариши тарбияи ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат доир мешавад.
Инчунин озмун ба баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дуруст дарк намудани Конститутсия ва риояи он мусоидат менамояд.
Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11), муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ) ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок карда метавонанд.
Донишҳои ҳуқуқии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондан ва донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гирифтани имтиҳонҳои тестӣ ва саволу ҷавоб муайян карда мешаванд.