Перейти к содержимому
 

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа.

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияи Роштқалъа баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии сарзамини аҷдодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ғайр аз ин, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумат дар доираи лоиҳаҳои амалигардида ба самти сохтмону муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, дастрас гардонидану баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, нигоҳдории роҳҳо, бо барқ таъмин намудани деҳаҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ равона шудааст.

Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон амалӣ гардида истодааст.

Сарвари давлат дар робита ва вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин ҷалб намуданд.

Зарур шумурда шуд, ки роҳбарону мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ идома дода, аз шароити беҳтарине, ки дар ноҳия вуҷуд дорад, аз ҷумла обу замин самараноку оқилона истифода баранд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар ноҳия роҳбарияти вилоят ва масъулини ин бахшҳо барои ислоҳи камбудиҳо аз Сарвари давлат супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду таҷдиди 206 иншооти гуногун ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарият, соҳибкорон ва аҳолии ватандӯсти ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти боқимондаро таъмин месозанд.

Дар интиҳои суханронӣ Пешвои миллат барои татбиқи ҳадафу нақшаҳои неку созанда ба сокинони ватандӯсту сарбаланди ноҳияи Роштқалъа барори кору сарфарозӣ орзу намуданд.