ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич натавонист ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 барояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони мо дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ аз дастаи Уммон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, дар гурӯҳи «Е» мақоми сеюмро касб кард.