ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми таърихи беш аз ҳазорсола миллати тоҷик дар баробари дигар арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ дорои фарҳанг, забон, расму оин ва арзишҳои миллӣ буд, ки маҳз тавассути онҳо миллат шинохта мешавад. Дар заминаи андешаҳои таърихӣ метавон гуфт, ки тоҷикон аз азал дорои тамаддун ва фарҳанги бою ғанӣ буда, маҳз тавассути он пойдории хешро давоми қарнҳо тақвият бахшидаанд. Зеро тавассути фарҳанги миллӣ симои ҳар миллат мавриди тасвир қарор мегирад. Либоси миллӣ муаррифи миллати тоҷик дониста мешавад, ки нахустин нишонаҳои онро ҳанӯз метавон аз бозёфтҳои таърихӣ, нақшу нигораҳои рӯи санг ва тасвирҳо дар деворҳо пайдо намуд.
— Таърихи давлатдории ҳазорсолаи тоҷик нишони он аст, ки воқеан ҳам зан-модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ бо иффату исмат, бо ақлу донишу заковат ва дар баробари ин чароғи хонадон будан ҳамчун муаррифи фарҳанги волои миллат дониста мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба бар кардани либоси миллӣ рукни муҳими фарҳанги миллӣ ҳисобида шуда, аз ин рӯ ҳар зан-модари тоҷикро зарур аст дар пос доштани оин, фарҳанг ва суннатҳои миллиамон саҳм гузорад.
Вақте мо либоси миллӣ ба бар менамоем, пеш аз ҳама, моро эҳсоси фараҳмандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ниҳоят эҳсоси нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ фаро мегирад. Зеро либоси миллӣ чун рукни асосии фарҳанги миллат шинохта шуда, воситаи муҳими муаррифии миллат эътироф шудаст.
Мояи сарфарозӣ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии либоси миллӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ҷумла, доир намудани озмунҳои “Сад ранги чакан”, “Тоҷикона мепӯшем”, “Кадбонуи беҳтарин” ва ғайра нишон аз ҳувияти миллӣ доштани занону модарони тоҷик мебошад.
Маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи “Чакан, ҳунари гулдӯзӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Ин аз як тараф мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик буда, аз ҷониби дигар, аз шуҳрати ҷаҳонӣ доштани фарҳанги миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон дарак медиҳад. Зеро нақшу нигорҳои либоси миллии хоси тоҷикон, аз ҷумла дар чакан дарҷгардида дорои мазмун ва фалсафаи бой буда, таърихи пурғановати миллати тоҷикро нишон медиҳанд.
Дар либоси занони минтақаҳои гуногуни мамлакат метавон тамоми нигора ва нақшу нигори миллиро дарёфт намуд. Ё худ ба бар намудани либоси атласу адрас ва бастани рӯймол, ки воқеан ҳам хоси зан-модари тоҷик буда, ҳусну малоҳати занро дучанд мегардонад, аз иффату исмати занони Шарқ ва дарки арзишҳои воқеии милливу башарии мо, тоҷикон дарак медиҳад.
Пешбарандаи фарҳанги миллии ҳар қавм, пеш аз ҳама, занону духтарон дониста мешаванд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, густариши завқи баланди зебоипарастӣ ва фарҳангсолорӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги пурғановати миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла занону ҷавондухтарон ва дар ҳар маврид нигоҳ доштан ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани ҷавондухтарон саъю талош намоем. Зеро дар ҷомеаи имрӯза зан-модари тоҷик мақому манзалати муайянро соҳиб буда, метавонад муаррифи фарҳанги миллӣ бошад ва дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсир гузорад.
Мояи сарфарозӣ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату мулоқот бо табақаҳои мухталифи ҷомеа дар баробари дигар масъалаҳо бо эҳтиром ва самимияти хосса нисбат ба зан — модари тоҷик сухан мегӯянд. Ин нишони он аст, ки ҷомеаи имрӯза ба неруву тавоноии зани тоҷик ниёз дорад. Баъзан мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа ҷавондухтарон рӯ ба либос ва ё фарҳанги бегона меоранд, ки ин амали онҳо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.
Дигар ин ки чаро мо фарҳанг ё либоси бегонаро бояд ба бар карда, онро тараннуму васф намоем, дар ҳоле, ки мо таъриху фарҳанги зиёда аз шашҳазорсола дорем. Дар ин радиф тарғиби бештари фарҳанги миллӣ, хосатан либоси миллӣ метавонад сатҳи бегонапарастиро кам кунад.
Занони тоҷик аз азал нексиришту зебоипараст, озодандеш, посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ва босаводу бодониш будаанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки “моро зарур аст ба таассуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии занону духтаронро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем”.
Дар маҷмуъ, либоси миллӣ нишон аз асолат ва ҳувияти миллӣ буда, арҷ гузоштан ба он эҳтироми хосса нисбат ба таърихи миллат аст.
Рушонгул ШОФАҚИРЗОДА,
муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев.