Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и шаҳри Конибодом.

10 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 иштирок намуданд.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхона ва бойгонӣ мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави мактаб барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ширкатҳои ватанӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Дар мактаб 29 омӯзгор фаъолияти доимӣ менамоянд, ки 27 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Аксари мутахассисони ин даргоҳи илму маърифат омӯзгорони ҷавон мебошанд.

Синфхонаҳои мактаб бо технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо таъмин карда шудааст.

   Дар бинои нави муассисаи таълимӣ барои машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш толори барҳавои варзишӣ бунёд карда шудааст, ки дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

 Дар ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 майдончаи муосири варзишӣ барои футболи хурд, баскетбол ва валейбол ва барои гузаронидани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ як майдончаи махсуси дигар сохта шудааст.

Бинои муассисаи таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Ҳукумати кишвар бунёд гардида, барои мактаббачагони деҳаи Сомониёни деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват намуданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободонию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ба таъкиди Пешвои миллат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаби нав, ки дар солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.