Дар соли таҳсили 2023/2024 ҷихати ҷалби довталабон усули нави фаъолияти рохнамоии касбӣ ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷаи он хонандагони синфҳои болоӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, бевосита дар дарсҳои устодон ширкат варзиданд. Бо истифода аз усули мазкур хонандагон имкон пайдо карданд, ки шахсан дар дарсҳои лексионӣ ва семинарии омӯзгорони баландихтисос иштирок намоянд ва дар бораи хусусиятҳои ташкили раванди таълим дар Филиал таассурот пайдо намоянд. Дар давраи комиссияи қабули соли 2024 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1761 интихоби довталабон ба қайд гирифта шуд. Теъдоди донишҷӯёни Филиал ба санаи 30 инои соли 2024 433 нафарро ташкил дод, ки аз он 297 (69%) донишҷӯ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 136 (31%) донишҷӯ дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз сафи донишҷӯён 14 нафар донишҷӯ хориҷ карда шуд, ки аз он 4 нафар донишҷӯи факултети илмҳои табиӣ ва 10 нафар донишҷӯи факултети гуманитарӣ мебошад Дар Филиал раванди таълим аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли таҳсили 2023/2024 барои таъмини раванди таълими барномаҳои таълимӣ 134 корманди илмӣ-педагогии Донишгохи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ҷалб карда шуданд, ки аз онхо 22 профессор, 57 дотсент, 8 муаллими калон, 11 ассистент ва З6 корманди дигар буданд. Аз ин шумора 31 нафар омӯзгорон доктори илм ва 91 нафар номзади илм мебошанд, яъне 91 % дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов 54 нафар ба Филиал фиристода шуданд (аз онхо 16 доктор ва 35 номзади илм), ки дарсҳоро дар шакли ҳузурӣ гузарониданд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорони Филиал 3 монография, 5 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, 3 патент ва 98 мақола дар маҷаллаҳои даврӣ ва маводи конференсия нашр намуданд. Роҳбарияти Филиал барои дастовардҳои донишҷӯёну хонандагон дар олимпиада, озмун ва чемпионатҳо аз 300 то 5000 сомонӣ ва барои роҳбарони онҳо аз 150 то 2500 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар кардааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар Филиал 16 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 6 конференсияи байналмилалӣ, 7 семенари илмӣ ва 3 мизи гирд гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён 114 сафар ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон ва Кения анҷом доданд. Мақсади асосии сафарҳои хизматии мазкур иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад.