Перейти к содержимому
 

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 150 хонандаро дар се давр ба истироҳат фаро мегирад.

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт лагери истироҳатӣ барои мактаббачагон ба фаъолият оғоз намуд. Дар лагери мазкур 150 хонанда дар се давр ба истироҳат фаро гирифта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муассир андешида, ташкили лагерҳои мактаббачагон дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир таъмин, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

«Шумо дар ин ҷо таътили тобистонаро бофароғат гузаронида, бо неруи тоза ба соли нави хониш омодагӣ дида, ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар мактаб бояд бо дониши хубу аъло таҳсил намоед. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, насли наврас бояд барои аз худ намудани дониш ва касбу ҳунар аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи таҳсил истифода барад. Фардои дурахшони Тоҷикистон аз хубу аъло хондани шумо дар мактабу донишгоҳу донишкадаҳо ва дар оянда мутахассисони баландихтисос шуданатон вобастагӣ дорад»,- афзуд Зарина Идизода.

Дар истироҳатгоҳ утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, баҳри босамар гузаштани вақти хонандагон баргузории ҳар гуна бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани онҳо ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.

Хотиррасон мешавем, ки 27 феврали соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» ба тавсиб расид, ки дар асоси он дар мамлакат барои хонандагон истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабӣ ташкил гардидааст.