ДУШАНБЕ, 20.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 26 апрел дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одинаев иттилоъ дод.
Ин фестивал-намоишгоҳ аз 22 то 24 апрел дар шаҳри Душанбе, 25 апрел дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва 26 апрел дар шаҳри Хуҷанди вилоти Суғд баргузор мегардад.
«Дар ин фестивали байналмилалӣ зиёда аз 60 донишгоҳ аз 12 давлати дунё иштирок мекунанд. Дар он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хатмкунандагони литсейҳои касбӣ — техникӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд иштирок намуда, бо намояндагони донишгоҳҳои Амрико, Британияи Кабир, Италия, Олмон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо суҳбат кунанд, бо таҳсил ва шароити ин муассисаҳо шинос шуда, беҳтарини онро интихоб намоянд», — афзуд директори муассиса.
Дар айни замон дар зиёда аз 30 давлати дунё, аз ҷумла дар он давлатҳое, ки барои бозори ҷаҳонӣ мутахассисони беҳтарин омода мекунанд ва низоми маорифашон ба даҳгонаи беҳтаринҳо дохил аст, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳсили илм доранд.