Перейти к содержимому
 

Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам месозад.

ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии канории «Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо», ки 2 декабри соли 2023 дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, оид ба обшавии босуръати пиряхҳо, таъсири манфии он ба сатҳи зиндагии аҳолии сайёра, афзоиш ёфтани офатҳои табиӣ, роҳҳои пешгирӣ аз ин равандҳои номусоид изҳори андеша намуданд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ масоҳати пиряхҳо босуръат коҳиш меёбад. Дар даҳсолаҳои охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш об шуда, боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ гардидааст. Яке аз натиҷаҳои манфии ин раванд коҳиши манбаъҳои об ва мутаносибан кам гардидани миқдори об дар дарёву кӯлҳо мебошад. Тавре ки маълум аст, пиряхҳо ва захираҳои барфии Тоҷикистон сарчашмаи 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки «бо мақсади арзёбии дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои минтақа омӯзиши ҳамаҷониба ва мониторинги онҳо ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад ҳамзамон зарур медонем, ки имконияти таъсиси Маркази минтақавии мониторинг ва омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад».

Сарвари давлати тоҷикон таъкид намуданд, ки мавзуи ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъҳои доимӣ ва меҳварии саммитҳои ҷаҳонӣ ва ҷаласаҳои байналмилалӣ бояд бошад: «Инчунин зарур мешуморем, ки талошҳои муштарак, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо дар чаҳорчӯби уҳдадориҳои иқлимӣ, ки ба пешгирӣ намудани гармшавии ҳарорати ҳаво равона шудаанд ба роҳ монда шаванд. Баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе заминаи муҳимеро барои татбиқи ҳадафҳои зарурӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад».

Хотиррасон мешавем, ки чорабинии канориии Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо дар доираи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Қабл аз ин ҷаласаи нахустин оид ба қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид  дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби СММ зери унвони «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор шуда буд.