ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ аз оғози соли равон 11 км роҳҳои байнидеҳавии деҳоти “Работ”-и шаҳри Турсунзода бетонпӯш ва 3 км асфалтпӯш гардиданд. Дар амалӣ намудани корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонони фаъоли деҳот назаррас мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Дар ҷараёни боздид роҳбарияти шаҳр бо корҳои бетонпӯшкунӣ дар деҳаҳои Қипчоқ ва Ширкент шинос шуд.
Барои анҷоми корҳои бетонпӯшкунӣ ба сокинони деҳаи Хайробод, ки зиёда аз 1,5 км роҳи байнидеҳавиро пурра аз таъмир бароварданд, изҳори сипоси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро расонида шуда, ба фаъолону саҳмгузорони деҳа Сипосномаи раиси шаҳр тақдим гардид.