Перейти к содержимому
 

Ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ-Душанбе» муайян гардиданд.

Дар Кохи «Суруш» -и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ-Душанбе» баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки озмун аз номинатсияҳои гуногун иборат буда, довталабон бештар дар васфи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, маҳорати зеҳнии хешро санҷиданд. Дар натиҷа 33 нафар аз рӯи ҳамаи номинатсия ва бахшҳо ғолиб гардиданд. Ба ғолибони озмун аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъи тантанавӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.