Перейти к содержимому
 

Рӯзи чоруми даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».

Давоми 4 рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Бар асоси низомномаи озмун дар рӯзи чорум  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ синфҳои 5-11  ва ибтидоии касбӣ синфҳои 10-11 иштирок намуданд, ки он то 10 декабр ҷараён мегирад. Тибқи иттилоъ дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 92 нафар довталаб иштирок менамоянд.