Перейти к содержимому
 

Истиқболи иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими истиқболи иштирокчиёни Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ сурат гирифт. Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги ҶТ ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Нахустин шуда, иштирокчиёни шаҳри Челябински Федератсияи Россия вориди шаҳри Душанбе гардиданд. Тибқи иттилоъи масъулин дар ин даста 26 нафар аз рӯи номинатсияҳои озмун ширкат меварзанд. Дар қисмати дигар иштирокчиёни Ҷумҳурии Белорус вориди пойтахти кишварамон шуданд. Дастаи  Ҷумҳурии Белорус аз 34 нафар иборат буда, ҳар яки он бо омадагии ҳамаҷониба ба ин сабқати фарҳангӣ омадаанд.