Перейти к содержимому
 

Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ дар ш. Душанбе

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи  чоруми байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Мусобиқа бо дастгирии Федератсияи осиёӣ дар хамкорӣ бо  Федератсияи миллии  ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ  ташкил гардид. Мусобиқа байни кӯдакон, наврасону ҷавонон ва бузургсолон гузаронида шуд. Дар сабқат ба ҷузъ дастаҳо аз минтақаҳои мухталифи кишвар, инчунин тимҳо аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Эрон низ ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ варзишгарони тоҷик Мансурҷон Сабуров, Юсуф Давлатов, Ибодулло Ибодов, Фарҳоди Фаррух, Муҳаммад Сангинов дар вазнҳои худ ғалаба карданд.