Перейти к содержимому
 

Озмуни «Эъҷози сухан»

Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони  "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаъмбаст гардид.

Рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ дар Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни адабии “Эъҷози сухан” ҷамбаст гардида, ғолибону иштирокдорони фаъол бо ҷоизаву мукофотпулиҳоро сарфароз гардонида шуданд.  Тавре  қаблан  иттилоъ дода будем, озмуни мазкур таи 4 рӯз  давом кард. Ҳадафи асосии баргузор намудани ин озмун, баланд бардоштани завқи китобхонию  шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, маҳорати эљодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва рушди ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита буд.

Дар маросими ҷамбасти озмун, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода қайд намуд, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамони салоҳиятдор мувофиқи низомнома маҳорату малакаи довталабон аз рӯйи ду номинатсия: “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ гардид.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки тибқи низомнома иштирокчиёни озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори адабиёти тоҷикӣ ва хориҷӣ озод буда, тавонистанд дар баёни роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ, инчунин, асарҳои илмӣ ва дигар осори насрӣ ва қироати шеърҳо: ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ аз дилхоҳ забон истифода намоянд.

Ҳамин тавр дар номинатсияи китобхонӣ Парвина Самандарзода аз Радиои Тоҷикистон бо гирифтани 45 хол соҳиби ҷои аввал гардид. Аз рӯи номинатсияи шеърдонӣ бошад,  ҷои аввал соҳиби Холов Умедалӣ гардид.  Ба 4 нафар ҷои дуюм ва ба 6 нафар ҷои сеюм аз рӯи ду номинатсия дода шуд.

Инчунин кумитаи мазкур барои иштироки фаъол дар номинатсияҳои “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” 15 нафар кормандонро бо сипоснома ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 1000 сомонӣ)  ва 24 иштирокчии озмунро бо тӯҳфаҳои хотиравию мукофотпулиҳо ( ҳар яке дар ҳаҷми 500 сомонӣ ) тақдим намуд.