Перейти к содержимому
 

Дархости тамошобин


Салом номи ман Саидэҳсони Илҳом мебошад. Мехостам иштирокчии барномаи “Ба пеш” бошам. Дар ин бора ба куҷо метавонам муроҷиат намоям?

Саидэҳсони Илҳом

07.11.2019


Салом ба аҳли эҷодкорони Телевизиони “Баҳористон”. Ман мухлиси барномаҳои шабакаи шумо мебошам. Хусусан тамошои  филмҳои тасвирие, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд, хеле дӯст медорам. Мехостам филми тасвирии “Смолфут”-ро ба забони тоҷикӣ тамошо кунам.

Талабшоев Анушервон

06.11.2019


Мехостам донам, ки дар сомонаи шабакаи шумо дар гӯшаи  "Имрӯз дар ТВБ"  танҳо як рӯза барнома ҷо шудааст, рӯйхати як ҳафтаина барномаро чӣ гуна метавон дид?

Талабшоев Анушервон

06.11.2019


Асалому алайкум ба ҳамаи кормандони Телевизиони "Баҳористон". Ба корҳоятон барор мехоҳам. Ман ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва ҷумъа барномаи “Кулоҳи сеҳрнок”-ро тамошо мекунам. Ман мехоҳам донам, ки сеҳрҳоро худи барандаи он Диловари Сайфиддин мекунад ва ё ягон нафари дигар?

Сӯҳробҷон Эшонҷонов

04.11.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Ман мухлиси барномаҳои шабакаи шумо мебошам. Хусусан ба филмҳое, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд, зиёд таваҷҷӯҳ  дорам. Мехостам фаҳмам, ки чаро шумо ин филмҳоро дар сомонаи шабака ҷо намекунед?

Фирӯз Аминов

01.11.2019


Салом ба аҳли эҷодӣ шабакаи “Баҳористон”. Ман Меҳрубонӣ Алихон мухлиси намоишҳои шабакаи шумо ҳастам. Хусусан дӯстдорӣ филмҳое, ки ба забонӣ тоҷикӣ тарҷума мешаванд, мебошам. Чанде пеш филми тасвирии “Питер Пен”-ро бо забони тоҷикӣ тамошо кардам, ки хеле писандам омад. Ва бояд гуфт ин филми тасвирӣ қисми дуюм низ дорад. Тамошои қисми дуюми онро бо забони тоҷикӣ кай тамошо мекунем?

Меҳрубонӣ Алихон

25.10.2019


Асалом! Номи ман Амон. Тӯли чанд рӯз аст, ки аз шабакаи шумо анонси барномаи “Касби ман” бо иштироки оҳангсоз Ёқубҷон Абдуллоев меравад. Шумо метавонед, рӯз ва соати ин барномаро аниқ бигӯед?

Амон Алиев

24.10.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Ман Муслима Камолова аз шаҳри Душанбе. Ҳарчанд хуб медонам, ки дар барномаи шумо бинандагон дархосту мактуб ирсол намуда, хоҳиши дидани филми тасвирӣ ва ё ҳунарӣ ва ғайраро мекунад. Ман дар баробари навиштани ин мактуб танҳо ба шумо миннатдории хешро баён карданиям. Тӯли як ҳафта аст, ки тариқи шабакаи шумо саҳначаи ҳаҷвие пахш мегардад, ки хеле писандам омад. Фикр мекунам, бо тамошои ин ролик баъзе аз ҷавонон ва наврасон рафтори худро дигар намуда, бештар ба хондани китоб рӯ меоранд.

Муслима Камолова

22.10.2019


Салом ба тамоми кормандони шабакаи “Баҳористон”. Ман Меҳрона Наимова аз шаҳри Норак мебошам. Бояд гуфт мо бо аҳли оила барномаҳои шабакаи “Баҳористон”-ро тамошо мекунем. Чанд муддат аст, ки тариқи шабакаи шумо як эълон барои наврасони соҳибистеъдод меравад. Мехостам дар бораи ин эълон муфассалтар, маълумот медодед.

Меҳрона Наимова

18.10.2019


Салом ба ҳамаи онҳое, ки дар шабакаи “Баҳористон” баҳри болида рӯҳии мо заҳмат мекашанд. Мо меҳнати шуморо қадр менамоем. Номи ман Меҳри Нурова мебошад ва ба шумо аз ноҳияи Файзобод менависам. Писарчаи ман, ки 4 сола аст, аз шабакаи “Баҳористон” зиёд филмҳои тасвириро тамошо мекунад. Ҳамчунин диққати  ӯро як намоиши хурдакак бо номи “Биё бо ҳам мехонем” ҷалб менамояд. Аз ин рӯ ба шумо миннатдорӣ баён намуда, мехостам ки чунин барномаҳое ки диққати фарзандони моро ба худ ҷалб менамояд, бигзор бештар шаванд.

Меҳри Нурова

17.10.2019


Салом ба кормандони Телевизиони «Баҳористон».  Мо як гурӯҳ модарони ноҳияи  Шаҳринав минатдории худро ба телевизиони шабака мерасонем.  Ба мо хусус  шеърқироаткуни ва баромадҳои  Муҳаммадҷони  Наврӯз бисёр  писанд аст.  Ҳамеша дар барномаҳои «Ангубин»  мо Муҳаммадҷон ва бародаронашро бесаброна  интизор  мешавем. Мо бисёр хушҳол шудем,   ки Муҳаммадҷон боз  барномаи “Маслиҳат бо ҳамсолон” -ро барандагӣ мекунад. Аз тамошои ин намоиш мо ҳис мекунем, ки рафтори фарзандонамон  таъғийр меёбад. Таманнои онро дорем, ки чунин барномаҳо дар шабакаи шумо зиёд бошад.

Нилуфар Каримова

10.10.2019


Салом ба кормандони шабакаи  «Баҳористон». Рӯзи 9-уми октябр мо дар Боғи Ирам дар иди “Меҳргон” иштирок кардем. Мегуфтед, ки ин барномаро мо кай метавонем тамошо кунем?

Анушервон

09.10.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Ман Субҳон Қодиров 21 сола ҳастам ва дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Ҳафтаи гузашта аз шабакаи шумо як намоишро бо номи “Let,s  speak English” тамошо кардам, ки хеле писанд омад. Додарчаи ман, ки 7 сола аст, омӯхтани забонҳоро айни замон аз худ менамояд. Мехостам ӯ дар барномаи зикршуда, иштирок намояд. Мо ба куҷо метавонем дар ин бора муроҷиат намоем?

Субҳон Қодиров

08.10.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”.  Ман Меҳрубони Алихон мухлиси намоишҳои шабакаи шумо ҳастам. Хусусан дӯстдори филмҳое, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд, мебошам. Боз кадом филмҳоро бо забони тоҷикӣ интизор шавем?

Меҳрубони Алихон

04.10.2019


Ассалом! Номи ман Зиннат Баротова. Расмҳои кашидаи фарзандонам Фирӯзҷон ва Фарзонаро  дар мавзӯи “Тирамоҳи заррин” ирсол менамоям. Шумо метавонед вақти пахши ин расмҳоро бигӯед?

Зинат Бозорова

27.09.2019


Салом ба кормандони шабакаи «Баҳористон». Номи ман Маҳбуба ва ман модари як духтарча бо номи Манижа мебошам. Фарзанди ман, ки ҳамагӣ 10 сол дорад, ба хурдии худ нигоҳ накарда ӯ ба бофтани либосҳои зимистона шавқи зиёд дорад. Мехостам ӯ дар ягон барномаи шабакаи шумо иштирок намояд.

Маҳбуба

19.09.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Номи ман  Исмоил мебошад. Қариб тамоми барномаҳои шуморо бо аҳли оила тамошо мекунем. Бояд гуфт мо аҳли оила мухлиси шоу-барномаи «Парвин» мебошем. Ҳарчанд барномаи мазкур ҷамъбаст гардид, мехостем донем, ки консерти калони ин намоиш кай баргузор мегардад ва мо мухлисон метавонем дар он иштирок намоем?

Исмоил

18.09.2019


Салом ба тамоми кормандони шабакаи “Баҳористон”.  Номи ман Шоира ва ман модари ду писарак ҳастам. Писарони ман, ки яке 8 ва дигаре 6 сола ҳастанд, барномаи “English for us”-ро бо завқ тамошо мекунанд. Мехостам, ки писарони ман низ дар ин намоиш иштирок намоянд.  Ман ба куҷо метавонам муроҷиат намоям?

Шоира

13.09.2019


Салом ман Нуров Ризвон ва ман 14-сола мебошам. Барномаҳои  шабакаи "Баҳористон"-ро тамошо мекунам. Ҳафтаи гузашта филми ҳунарии  "Иззабела"-ро, ки ба забони тоҷикӣ дубляж шуда буд, тамошо кардам. Ва мехостам бори дигар ин филмро пахш намоед.

Нуров Ризвон

12.09.2019


Асалом! Номи ман Муҳаммадҷон ва ман 10 сола ҳастам. Чанд рӯз аст, ки аз шабакаи дӯстдоштаам, анонси як филми тасвирии “Муффатишчаҳо”-ро мебинам. Мехоҳам донам, ки ин филми тасвирӣ аз кай пахш мегардад?

Муҳаммадҷон

08.09.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон” . Ман Ҳошим Нозимов аз шаҳри Ваҳдат мебошам. Барномаҳои шабакаи шуморо зиёд тамошо мекунам ва дӯст медорам. Хусусан намоишҳои варзишӣ ба ман писанд аст. Ҳафтаи гузашта барномаи “Парчамбардорони Ватан”-ро тамошо кардам ва мехостам додан такроран ин намоиш кай пахш мегардад?

Ҳошим Нозимов 

07.09.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Номи ман Меҳрангез Тошева ва ман модари ду фарзанд ҳастам. Минатдории хешро ба тамоми кормандони шабакаи дӯстоштаам мерасонам. Бояд гуфт, ҳарчанд ин шабакаи кӯдакону наврасон аст, аммо мо калонсолон низ барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Дирӯз бо аҳли оила намоиши  “Ману модарам” тамошо кардем, ки хеле писандамон омад. Ва саволи ман ин аст, ки оё мо низ метавонем дар ин барнома иштирок намоем?

Меҳрангез Тошева

01.09.2019


Салом! Ин расмҳои кашидаи духтарчаи ман Шукрона Мирзоеваи 8 сола, мебошад. Шукрона ҳаррӯз бо шавқ расм мекашад. Барои ташкили чунин озмун аз ҳамаи шумо сипос гузорем. Бигзор чунин озмунҳои ҳавасмандкунанада боз ҳам зиёдтар ташкил карда шаванд.

Акмал Мирзоев

24.08.2019


Салом ба Телевезиони “Бахористон”. Ман Аслигул аз ноҳияи дурдасти Мурғоб мебошам.  Мухлиси филмҳое, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд, ҳастам. Мехостам филми хунарии "Дом барои волидон"-ро бори дигар пахш намоед.

Аслигул

24.08.2019


Салом ба кормандони шабакаи дӯстоштаи мо “Баҳористон” .  Номи ман Наврӯз ва зиёд намоишҳои шуморо тамошо мекунам. Аз ҷумла аз сомонаи шабака низ истифода мебарам. Дар як гӯшаи сомона рӯйхати барномаҳо ҷойгиранд. Шабакаи шумо намоишҳои зиёд дорад, вале дар ин рӯйхат танҳо нӯҳ барнома ҷой шудаанд. Чаро?

Наврӯз

23.08.2019


Асалому алейкум ба аҳли эҷодӣ шабакаи “Баҳористон”. Ман Матлабов Абдураҳмон. Мехостам дар шабакаи шумо барномаҳои сайёҳиро бубинам.

Матлабов Абдураҳмон

22.08.2019


Салом ба шабакаи оилавӣ “Баҳористон”.  Номи ман Манзура Тағоева. Ҳама рӯза барномаҳои шабакаи шуморо тамошо мекунем. Хусусан ҳар бегоҳ барномаи “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро мебинем. Мехостам донам, ки ман метавонам дар ин барнома иштирок намоям?

Манзура Тағоева

17.08.2019


Асалом! Номи ман Абдураҳмон. Барномаҳои шабакаи шуморо зиёд тамошо мекунам. Мехостам дар шабакаи шумо дар ягон барнома ба ҳайси баранда фаъолият кунам.

Абдураҳмон

15.08.2019


Салом ба кормандони шабакаи дӯстоштаи оилаи мо “Баҳористон”. Номи ман Абдураҳим. Писари хурдии ман 5 сола аст, ба хурдии худ нигоҳ накарда, шеърҳои зиёде азёд кардааст. Мехостам ки дар барномаи “Ангубин” иштирок намояд ба куҷо метавонем дар ин бора муроҷиат намоем?

Абдураҳим

10.08.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Ман Меҳрона Назарова аз шаҳри Норак ҳастам. Намоишҳои шабакаи шуморо тамошо мекунам. Хусусан мухлиси  шоу-барномаи озмунии “Парвин” мебошам. Мехостам донам, консерти калони ин намоиш кай баргузор мегардад?

Меҳрона Назарова

09.08.2019  


Салом ба шабакаи “Баҳористон”. Ҳама рӯза филмҳои тасвири ва ҳунарие, ки ба забони тоҷикӣ баргардонида шудаанд, бо завқ тамошо мекунам. Ва хоҳиш доштам, ки филми тасвирии “Нодонхӯҷа”-ро бори дигар пешкаши мо гардонед.

Адибаи Наҷмиддин

03.08.2019


Асалом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Номи ман Амриддин Камолов. Чун айни замон дар таътили тобистона қарор дорем, ман дар хона бештар китоб мехонаму шеър аз ёд мекунам. То имрӯз зиёда аз 30 асарҳои нависандагони классику муосирро хондаам. Мехостам дар барномаи “Фурӯғи субҳи доноӣ” иштирок кунам.

Амриддин Камолов

02.08.2019


Салом ба кормандони шабакаи дӯсдоштаи мо “Баҳористон”. Номи ман Беҳрӯз ва ман мухлиси шабакаи шумо хусусан намоиши “Бо ҳам меёбем”. Мехостам донам ин барнома кадом рӯзҳо пахш мегардад?

Беҳрӯз

30.07.2019


Салом ба кормандони шабакаи “Баҳористон”.  Номи ман Нилуфар мебошад. Ман модари ду фарзанд  ки яке 4 ва дигараш 3 сола мебошанд, зиёд шабакаи шуморо тамошо мекунем. Хусусан диққати онҳоро филмҳои омӯзишӣ ба монанди “Донояк”, ки ба забони тоҷикӣ пешниҳод  мешаванд, ҷалб менамояд. Аз ин рӯ мехостам ки чунин намоишҳо боз ҳам зиёдтар пахш шаванд.

Нилуфар

26.07.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”.  Ман Акбар Турсунов аз шаҳри Душанбе. Мухлиси намоиши “Полези сеҳрнок” мебошам. Чанде пеш дар ин барнома дар бораи тарбуз маълумот доданд. Мехостам доир ба харбуза низ дар ин барнома ба мо маълумот пешниҳод намоянд.

Акбар Турсунов

20.07.2019


Салом ба ҳамаи кормандони шабакаи "ТВ Баҳористон". Ман Илёс Сидиқов аз ноҳияи Деваштич ҳастам. Шоми 17.07.2019  филми дубляжшударо тамошо кардам, ки хело писанд омад. Метавонед онро бори дигар такроран пахш намоед?

Илёс Сидиқов

19.07.2019


Салом! Ман мехостам, ки барномаи “Матин” дар маҷмааи истироҳатии “Обшорон” сабт гардад.

Абдураҳмон Матлабов

18.07.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Ман Фарҳад Мирзоев аз шаҳри Норак ба шумо менависам. Тӯли чанд ҳафта аст, ки аз шабакаи шумо филмҳои ҳунарии дубляжшуда пахш мешаванд. Ман мехостам филми “Писараки сарватманд”-ро ки чандин маротиба аз шабакаи шумо дида будам, бори дигар онро бубинам.

Мирзоев Фарҳад

12.07.2019


Асалом! Ман Ҳоҷиев Илҳом мебошам. Барномаи “Маҳфили адибони наврас”-ро тамошо мекунам. Хоҳиш дорам ки ин барномаро ҳам дар сомонаи худ ҷо намоед.

Ҳочиев Илҳом

10.07.2019


Салом! Ман Камол Исмоилов мебошам. Мухлиси барномаи “Бозёфт” ҳастам. Ҳамарӯза ин барномаро тамошо мекунам ва ба ман хеле маъқул аст, мехостам донам ки ин барнома дар як рӯз як маротиба пахш мегардад?

Камол Исмоилов

05.07.2019


Салом ба шабакаи оилавӣ “Баҳористон”.  Номи ман Фарҳод Тошев. Ҳамарӯза барномаҳои шабакаи шуморо тамошо мекунем. Хусусан ҳар бегоҳ барномаи “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро мебинем. Мехостам донам, ки ман метавонам дар ин барнома иштирок намоям?

Фарҳод Тошев

26.06.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”. Ман Адиба аз шаҳри Ваҳдат мебошам. Айни замон дар шабакаи шумо озмуни рассомони наврас дар мавзӯи “Таътили тобистонаи ман” рафта истодааст. Чун роҳи мо дур аст, мо расмҳоро ба худи шабака оварда наметонем, оё метавонем расмҳои кашидаамонро ба почтаи электронии шумо равон намоем?

Адиба

25.06.2019


Салом ба Телевизиони “Баҳористон”. Ман мухлиси барномаи “Ситораҳои футбол” ҳастам. Мехостам дар ин барнома дар бораи Златан Иброгимович маълумот диҳед.

Дилшод

22.06.2019


Салом! Шабакаи шуморо зиёд тамошо мекунам. Мехостам филми ҳунарии “Моя ужасная няня”-ро пахш намоед.

Ангубин Иброҳимова

18.06.2019


Салом! Ба кормандони ТВ Баҳористон ва хусусан ба идораи дубляжи ин шабака. Бояд гуфт мо мухлисони филмҳои дубляжшуда аз ин идора қаноатмандем. Ҳафтаи гузашта, рӯзҳои истироҳати филми тасвирии “Тарзан”-ро тамошо кардем, ки аз тамошои он ҳаловат бурдем. Ин филм кай такроран пахш мешавад?

Абдулло Маҳкамов

18.06.2019


Салом! Шабакаи дӯстдоштаи мо “Баҳористон”. Ҳамаи барномаҳое, ки шумо таҳия мекунед беҳтаринанд. Хусусан намоиши “Як соат” вақтҳои охир боз ҳам пурмазмун ва рангоранг гаштааст.  Агар имкон бошад, ин барномаро шомгоҳон низ такроран мегузоштед.

Мирзо Рамазониев

17.06.2019


Асалому алейкум ба кормандони шабакаи дӯстдошта “Баҳористон”. Барномаҳои шабакаи шуморо оилавӣ тамошо мекунем. Хусусан мухлиси филмҳои дубляжшуда мебошем. Мехостем донем, ки кадом филми  ҳунариро бо забони тоҷикӣ интизор шавем?

Далер Пиров

15.06.2019


Салом! Номи ман Манижа Ҳайдарова. Мехостам донам, ки озмуни навбатии рассомони наврас кай оғоз мегардад ва дар кадом мавзӯъ мешавад?

Манижа Ҳайдарова

13.06.2019


Салом ба кормандони шабакаи “Баҳористон”. Ман Ҷамолиддин Фатоев, мухлиси шоу-барномаи озмунии “Парвин” мебошам. Мехостам донам, ки даври 3 он кай оғоз мешавад?

Ҷамолиддин Фатоев

11.06.2019


Салом ба аҳли кормандони шабакаи “Баҳористон”. Номи ман Некқадам Шоев аст. Ман дар шаҳри азизамон Душанбе зиндагони мекунам. Барномаҳои шабаи шуморо оилавӣ тамошо мекунем. Ҳафтаи гузашта намоиши “Мо ва ҷонварон”-ро тамошо кардем. Ба мо ин барнома хеле писанд омад. Зеро дар бораи шоҳпаракҳо ки имрӯз дар шаҳрамон зиёд шудаанд, маълумотҳои ҷолиб пешниҳод кардаанд, ки хеле бомаврид аст.

Некқадам Шоев

08.06.2019


Салом ба кормандони шабакаи дӯстоштаам “Баҳористон”. Ман Алишер Маҳмудов аз ноҳияи Варзоб, мехостам донам, “Шоҳномахонӣ” кадом рӯзҳо сапт мегардад?

Алишер Маҳмудов

06.06.2019


Салом кормандони ТВ “Баҳористон” филми ҳунарии “Нақшаи бози”-ро бори дигар нишон диҳед.

Парвиз Ашӯров

06.06.2019


Ман Зокирова Субҳия мебошам, мехоҳам қисми дуюми филми тасвирии “Дили яхбаста”-ро бо забони тоҷикӣ бубинам.

Зокирова Субҳия

05.06.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон” ман Малика Шарифова аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошам. Ба тамоми кормандони шабакаи шумо миннадории хешро баён мекунам. Зеро ҳафтаи гузашта мо аз тамошои барномаву консертҳо ва намоишҳои ҷолибе, ки ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон бахшида шуда буд, ҳаловат бурдем.

Малика Ширифова

02.06.2019


Салом номи ман Меҳрона ва ман 14 сола ҳастам. Мехостам, каме дар бораи лоиҳаи наве ки бо номи “Фурӯғи субҳи доноӣ” пахш мегардад, маълумот диҳед? Оё ҳар касе ки хоҳад метавонад дар ин озмун иштирок кунад?

Меҳрона

30.05.2019


Салом ба кормандони шабакаи “Баҳористон”. Ман Фарҳод Усмонов ҳастам аз шаҳри Норак. Барномаҳои шабакаи шуморо тамошо мекунам. Ҳамчунин аз сомонаи шабака низ истифода мебарам. Шабакаи “Баҳористон” барномаҳои зиёд дорад, вале  чаро дар гӯшаи Шумо кадом барномаҳоро тамошо мекунед?,  танҳо 9 он дар рӯйхат ворид шудаанд?

Фарҳод Усмонов

25.05.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”.  Ман Манзураи Аҳмад модари се фарзанд ҳастам. Мо оилавӣ барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Ба наздики 1-уми июн  рӯзи кӯдакон аст ва мехостам донам, ки шабакаи “Баҳористон”, ки шабакаи кӯдакону наврасон аст, дар ин рӯз кадом намоишҳоро пешкаши мо мегардонад?

Манзураи Аҳмад

24.05.2019


Салом номи ман Амон Собиров, мухлиси шабакаи шумо мебошам. Хусусан барномаи “Беҳтар аз дӯст”-ро тамошо мекунам. Ҳафтаи гузашта натавонистам барномаро тамошо кунам. Ин намоиш такроран кай пахш мешавад?

Амон Собиров

17.05.2019


Салом ба тамоми кормандони шабакаи “Баҳористон”. Ман Илёс аз ноҳияи Деваштич мебошам. Мехостам филми ҳунарии “Декабюро”-ро бори дигар нишон диҳед.

Илёс

14.05.2019


Салом яке аз мухлисони ҳамешагии телевизиони “Баҳористон” аз шаҳри Роғун ҳастам. Хоҳиш дорам, ки филми тасвирии “Маугли”-ро дубора пахш намоед.

12.05.2019


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”.  Номи ман Манзура Муродова ва ман 15 сола ҳастам. Зиёд барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Мехоҳам дар барномаи иттилоотии “Хабар” ба ҳайси баранда фаъолият кунам.

Манзура Муродова

11.05.2019


Салом ба тамоми кормандони шабакаи “Баҳористон”. Ман Шамсия аз шаҳри Душанбе, мухлиси барномаи “Бозёфт” мебошам. Мехостам донам, ки ин барнома кай тариқи эфир пахш мешавад.

Шамсия

10.05.2019


Асалом! Номи ман Фирдавс ва ман 14 сола ҳастам. Зиёд филмҳои дубляжшудаи шуморо тамошо мекунам ва дӯст ҳам медорам. Мехостам донам, ки ин навбат идораи дубляж кадом филмро омода карда истодааст?

Фирдавс

04.05.2019


Салом! Мехостам донам ки барномаи “Бо ҳам меёбем” бо иштироки Раҷабова Муниса ва Юсупова Махфират кай намоиш дода мешавад?

02.05.2019


Салом номи ман Табассум ман яке аз иштирокчии озмуни рассомони наврас мебошам. Дар охирон озмуни рассомон бо номи “Наврӯзи Ватан” иштирок карда будам ва мехостам донам, ки оё ғолибон муайян гаштанд?

Табассум

24.04.2019


Салом номи ман Азиз! Дирӯз ман дар шабакаи шумо филми дӯстоштаам “Писараки сарватманд”-ро бо забони тоҷикӣ тамошо кардам. Шумо ин филмро такроран боз пахш мекунед?

Азиз

21.04.2019


Салом ба кормандони ТВ “Баҳористон”. Ман яке аз иштирокчиёни барномаи “Бозёфт” мебошам. Алакай дар шаҳри Кӯлоб ин барномаро сабт карданд ва ман дар он иштирок намудам. Мехоҳам донам, ки кай ин намошро пахш мекунанд?

Ҷамшед

20.04.2019


Асалом номи ман Меҳрангез. Дирӯз даври дуюми барномаи “Парвин”-ро тамошо кардам. Вале нафаҳмидам, ки оё дар даври дуюм ҳам мо имкон дорем тариқи смс ба иштирокчии дилхоҳамон овоз диҳем?

Меҳрангез


Салом номи ман Муслима ва ман модари се фарзанд мебошам. Мо оилавӣ шабакаи “Баҳористон”-ро тамошо мекунем ва дӯст медорем. Мехостам миннатдории хешро ба нафароне, ки ба тарҷумаи филмҳо машғул ҳастанд, расонам. Зеро шод аз он ҳастам, ки имрӯз фарзандони мо метавонанд филмҳои тасвирию ҳунариро бо забонӣ тоҷикӣ тамошо кунанд. Дирӯз филми тасвирии “Шарлотта-қулфинай”-ро бо фарзандонам бо завқ тамошо кардем.

Муслима 


Салом. Номи ман Давлат Тоҳирӣ. Мехостам дар шабакаи шумо ба ҳайси баранда кор кунам. Оё ин имкон дорад?

Давлат Тоҳирӣ


Салом Алейкум. Ман донишҷуйи курси 1-уми ДМТ, факултаи филология, ихтисоси “Фарҳанги ҷаҳонӣ”. Лаёқати хуби ровигӣ дорам. Мехоҳам бо ТВ-Баҳористон  ҳамкорӣ намоям. Агар дастгирӣ мекардед  миннатдор мешудам.


Салом. Номи ман Тахмина. Ман 16 сола ҳастам, мехостам намоиши ҳаҷвии “Чигилак”-ро низ дар сомона чой намоед, то ин ки ҳар вақте ки ҳоҳем онро даромада тамошо кунем.

Тахмина


Якчанд рӯз мешавад, ки тариқи ТВ «Баҳористон» наворҳоеро тамошо мекунем, ки дар онҳо манзараҳои зебои  Ватан сабт гардидаанд. Ман мехостам, ки онҳоро дастрас намоям.  Ин имкон дорад?

Сӯҳроб  Сафаров


Салом ба аҳли эҷоди шабакаи “Баҳористон”! Ман Маҳинаи Маҳмуд аз шаҳри Душанбе мебошам. Мо бо аҳли оила шабакаи шуморо тамошо мекунем ва дӯст медорем. Бо даст додани имконият якчанд барномаҳои Наврӯзии шабакаи шуморо тамошо кардем ва шод ҳам шудем. Хусусан барномаи “Сайри Наврӯзи” ба мо хеле маъқул шуд. Метавонем ин барномаро дубора тамошо кунем?

Маҳинаи Маҳмуд


Салом номи ман Меҳрнигор ва ман 11 сола ҳастам. Мухлиси барномаи “Ангубин” мебошам. Мехоҳам барномаи наврӯзии “Ангуби”-ро боз бубинам.

Меҳрнигор


Салом ба кулли кормандони телевизиони “Баҳористон”. Ман Дилшод Ҳоҷиев аз ноҳияи Деваштич мехостам пурсам,  ки даври дуюми озмуни “Парвин”  кай дар шабака намоиш дода мешавад.

Дилшод Ҳоҷиев


Салом ман Манижаи Раҳим аз шаҳри Душанбе мебошам. Ҳафтаи гузашта барномаи “Гурдофарид”-ро бо иштироки Анора ном духтарак тамошо кардам ва мехостам бори дигар ин барномаро бубинам.

Манижаи Раҳим


Салом ба кӯлли кормандони шабакаи “Баҳористон”. Ман Зарина Шерова аз ноҳияи Рӯдакӣ. Чун омад омади баҳор аст, мехостам донам, ки шабакаи Баҳористон” чӣ барномаҳои наврӯзиро пешкаши мо мухлисон мегардонад?

Зарина Шерова


Салом! Чӣ гунна метавонем фиттаи филми тасвирии “Сандуқчаи Зулбиё”-ро дастрас кунем? Зеро ин филм хеле хуб сохта шудааст ва махбуби калби фарзандон гаштааст.

Мирзо Рамазониев


Салом ба кормандони шабакаи “Баҳористон”. Шабакаи “Баҳористон” беҳтарин шабака барои кӯдакону наврасон мебошад ва мо мухлисони шабака аз ҳамаи шумон кормандони шабака сипосгузорем. Ва хоҳони онро дорем,ки ин шабака тавссути меҳнатҳи шабу рўзаи шумо боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, яке аз беҳтарин шабакаҳои Тоҷикистон ба шумор равад.


Салом ба кулли кормандони шабакаи “Баҳористон”. Номи ман Фаромарз ва мехостам донам, ки чаро дигар барномаи “Чигилак” намоиш дода намешавад?

Фаромарз


Салома ба аҳли эҷоди шабакаи дӯстоштаи мо “Баҳористон”. Ман Ҳабиба аз ш. Душанбе мебошам. Мухлиси шабакаи шумо ва барномаҳои шумо мебошам. Зиёд барнома ва филмҳои тасвирии аниматсионии шабакаро тамошо мекунам. Мехостам донам оё айни замон шабакаи “Баҳористон” ягон филми нави аниматсиониро омода карда истодааст?

Ҳабиба Рауфова


Салом ман Диловар Файзов аз ноҳияи Файзобод мебошам. Шабакаи шуморо мо бо аҳли оила тамошо мекунем. Диққати маро бештар барномаи “Маҳфили адибони наврас” ҷалб мекунад. Зеро духтарчаи ман, ки ҳамагӣ 13 сол дорад, баъзан шеър менависад. Мехостам донам, ки ӯ имкон дорад, то дар ин барнома иштирок намояд?

Диловар Файзов


Асалому алейкум ба аҳли эъҷоди  шабакаи дӯстдоштаи мо ТВ “Баҳористон”.  Ман модари се писар Меҳриниссо аз шаҳри Душанбе ҳастам. Фарзандони ман барномаҳои шабакаи шуморо зиёд тамошо мекунанд. Хусусан барномаи “Матин”-ро, ки варзиши аст, дӯст медоранд. Дар бораи ин барнома каме маълумот диҳед, киҳо метавонанд дар он иштирок намоянд?

Меҳриниссо


Салом ман Меҳрубон аз ш. Душанбе мехоҳам дар ягон барномаи шумо ба ҳайси баранда фаъолият кунам.

Меҳрубон


Салом! Ман Дилшод аз шаҳри Душанбе. Мухлиси шабакаи ТВ “Баҳористон” ва хусусан барномаи “Парвин” мебошам. Мехостам донам, ки даври дуюми ин барнома кай оғоз мегардад.

Дилшод


Салом ба ҳамаи кормандони ТВБ! Мехостам филми ҳунарии “Ҳамболи уқоб”-ро бори дигар пахш намоед. Ва боз мехостам донам, ки филми тасвирии “Смешарики”-ро кай нишон медиҳанд?

Муҳаммадалӣ Пиров


Салом! Ман Парвиз. Мехостам донам, ки чи тавр метавонам дар барномаи “Бозёфт” иштирок намоям:

Парвиз Очилзода


Салом ба кормандони Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон”. Ман як савол доштам. Барои чӣ барномаи “Ба пеш” дигар намоиш дода намешавад?

Чиллахон Халифаев


Салом ба аҳли эҷоди ТВБ,номи ман Ёсуман якчанд руз пеш ман филми тасвирии “Смолфут”-ро дар шабакаи шумо тамошо кардам. Мехостам ин филми тасвириро ба забони тоҷики тамошо кунам.

Ёсуман Табарова


Салом ман омӯзгори фанни санъати тасвирӣ. Мехоҳам расмҳои кашидаи талабагонамро ба озмуни “Тоҷикистон хонаи ман” пешниҳод намоям. Чун дар ноҳияи дурдасти Деваштич зиндагӣ мекунем, имконияти ба шаҳр омаданро надорем. Чӣ гуна метавон расмҳоро равон кард?

Садриддинов


Салом! Мехостам донам, ки шумо журналистони ҷавонро ба кор қабул мекунед? Ман 15 сола ҳастам ва дар мактаби рақами 78 таҳсил менамоям. Бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ озод сухан мегӯям. Аз хурди орзу доштам, ки барандаи ягон барнома бошам. Агар шумо ба ман ин имкониятро диҳед пушаймон намешавед.

Фирдавс Холов


Салом! Ман Субҳиддин аз ноҳияи Ёвон ҳастам. Мухлиси шабакаи “Баҳористон” ва хусусан барномаи “Ситораҳои футбол” мебошам. Аз шумо хоҳиш дорам, то дар барномаи зикршуда, дар бораи бозигари португали Криштиану Роналдо маълумот диҳед.

Темуров Субҳиддин


Ассалом ТВ-Баҳористон. Ман Бахтиёр аз ноҳияи дурдасти Мастчоҳ ба шумо менависам. Пайваста барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Ман мехостам, барномаҳои саволу ҷавобиатон ба монанди “Бо ҳам меёбем” зиёд бошад. Ташаккур!

Сангинзода Бахтиёр


Салом ба ҳама кормандони ТВ Баҳористон. Мехостам донам, ки барномаи “Сарбоз” кадом рӯз пахш мешавад?

Салим Қурбонов


Салом! Мехостам пурсам, ки оё мо метавонем расмҳои кашидаи кӯдаконро тариқи почтаи электрони равон намоем, оё ин расҳои равоншуда, тариқи эфир пахш мегарданд?

Умедхон Мамадаминов


Рӯзи 24.12. 2018 дар Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ фестивал озмуни навозандагони ҷавон ва расомони наврас баргузор гардида буд ва  аз ҷониби Телевизиони Баҳористон ба навор гирифта шуда буд. Мехостам донам, ки  кай дар эфир намоиш дода мешавад?

Парвина Мирзоева


Салом ба кормандони телевизиони дӯстоштаии ман “Баҳористон”. Дар шаби солӣ нав чун бо аҳли оила дар сайру гашт будем, натавонистем барномаи “Ангубин”-ро тамошо кунем. Ин барномаро зиёд интизор будем, вале имконият нашуд, ки онро бубинем. Кай метавонем барномаро такроран бубинем?


Саломи гарму ҷӯшони худро ба аҳли кормандони ТВБ мерасонам. Ман Нигора аз шаҳри Душанбе, 10 сола ҳастам. Айни замон мо талабагони мактаб дар таътили зимистона қарор дорем. Ва мехостам, ки филмҳои хуби тасвириро бо забони тоҷикӣ тамошо кунем.

Нигора


Салом ба кормандони ТВ Баҳористон! Ман Шабнам аз ш.Бохтар мехостам донам, ки дар соли нав кадом филмҳои бадеӣ ва ҳунариро бо забони тоҷикӣ яъне дубляжшударо пахш мекунед?

Шабнам


Салом! Ман Умар аз шаҳри Душанбе мехостам донам, ки дар солинави мелоди шабакаи дӯстдоштаи мо чӣ намоишномаҳои солинавӣ пешниҳод менамояд?

Умар


Салом! Ман Сангинов Мафтун аз нохияи Панчакент. Бисёр барномахои ТВ "Бахористон"-ро дӯст медорам ва тамошо мекунам ва ба ҳама коргардони ин шабака самимона раҳмат мегӯям. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям ки дар бораи "Охир надоштани кайхон " дар ягон барномаатон маълумот пешкаш мекардед шод мешудам.

Сангинов Мафтун


Салом! Ман Парвина Ҷӯмаева донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мехостам дар барномаи Нодир иштирок кунам, аммо намедонам аз синни чанд солаги иштирок карда мешавад . Раҳмат

Парвина Ҷумъаева


Лутфан ба ман фаҳмонед, ки дар сомонаи твб дар Интернет чигуна менависанд, зеро ман ҳар қадар кушиш менамоям аммо наметавонам, ки хоҳишҳоямро дар он ҷо нависам.

Муҳаммад-рофеъ


Салом мухлиси доимии барномаҳои ТВ «Баҳористон» мебошам. Мехоҳам донам, ки чаро барномаи «Гурдофарид» намоиш дода намешавад?

Фарангис Маҳмудова


Ассалому алайкум! Мо ҷавонон аз ноҳияи кӯҳистон ҳастем.  Телевизиони  “Баҳористон” ва хусусан барномаи “Парвин”-ро зиёд тамошо мекунем. Мехостем фаҳмем, ки чӣ гуна метавонем дар ин барнома иштирок кунем?

Акмал Сангалиев


Салом ман Абдуқайюм Юсупов. Мухлиси ашаддии телевизони шумо мебошам. Лутфан бигӯед  ба барномаи “Навори ҷолиб” чӣ гуна навори худро фиристам?

Абдуқайим Юсупов


Салом ба Баҳористон. Ман миннатдории худро ба кулли таҳиягарони барномаҳои ин шабака мерасонам ва мехоҳам донам, ки барномаи «Гунча» чӣ гунна таҳия мегардад.

Дилафрӯз Саидова


Фарзандони ман ҳамеша суруди «Занбурҳоро» зам-зама мекунанд. Онҳо бесаброна оғози намоиши ин филми тасвириро интизоранд? Кадом рӯз ин филми тасвирӣ пахш мегардад?!!!

Садбарг Саидова


Саломи худро ба гуруҳи эҷодии ТВБ мерасонам. Ман Зайнура Аҳмадзода муаллимаи синфҳои ибтидоӣ мебошам. Шогирдонам шеърҳои зиёд медонанд. Оё имконият ҳаст, ки дар намоишҳои Шумо иштирок кунанд?

Зайнура Аҳмадзода


Мо аҳли оила мухлисони ТВ «Баҳористон» ҳастем. Филмҳои тасвирии «Баҳористон дар Баҳористон»  ба мо хело писанд аст. Аз аҳли эҷоди телевизиони «Баҳористон» хоҳиш мекардем, ки чунин намоишҳоро бештар ба мо намоиш диҳанд.

Муроди Масрур


Мехостам фаҳмам, ки барномаи «Нодир» кай намоиш дода мешавад.

Мубориз Восиев


Мехоҳам донам, ки кормандони шабакаи «Баҳористон» бахшида ба рӯзи дониш кадом барномаро пешниҳоди мо менамояд?

Ҷалол Холиқзода


Лутфан гуед, ки филми тасвирии Замбурҳо аз чанд қисм иборат аст ва онро кай пешкаши мо мегардонед?

Акбар Нозимов


Мехоҳам донам, ки барномаи  «Парвин» кай пешниҳоди мо мегардад?

Меҳрона Камолова


Мехостам дар барномаи «Як соат» саҳифае доир ба рекордҳои гинес ҷой диҳед.

Умедҷон Хоҷаев


Мехоҳам дар барномаи «Муъҷизаҳои табиат» доир ба шаршаҳои бузургтарини ҷаҳон маълумот пешниҳод гардад.

Тоҳир Умаров


Чаро дар барномаи «Телеафиша» танҳо доир ба рӯзномаи «Пайрав» маълумот медиҳед?

Муқаддас Рабиева


Ман мухлиси варзиши рақами як  ҳастам аз дастандаркорони барномаи «Ситораҳои футбол» хоҳиш менаоям, ки дар бораи дарвозабони  Фаронса  Уго Лорис, ки ҳамзамон имсол дар ҷоми ҷаҳон чемпион шудааст, маълумот бидиҳед.

Бурҳониддини  Зубайдулло


Ман аз ВМКБ  ман варзишгар ҳастам ва  мехоҳам, яке аз қаҳрамонҳои барономаи  варзишии  Таҳамтан бошам, чӣ кор кунам?

Панҷшанбе Гулмаҳмадов


Сеҳрҳое, ки дар барномаи «Кулоҳи сеҳрнок»-аст, аз куҷо меёбед?

Дилрабо Салимова


Ман як тан варзишгар ҳастам мехоҳам дар барномаи «Матин» иштирок намоям бояд ман чи кор кунам?

Акбар Самиев


Мехоҳам дониста бошам, нақши «Панда»-ро,  ки дар барномаи «Happy English» аст, ки мебозад?

Алишер Асроров 


Лутфан гуед, ки дар барномаҳои охирини «Маҳбуб» дар бораи кадом чеҳраҳо маълумот дода будед?

Сумая Рафиқова


«Мехоҳам дар мавриди чи гуна ба забони тоҷики баргардонидани филмҳо ба худ маълумот дошта бошам».

Ашурзода Эмомалӣ


Ман аз ш. Ваҳдат ман 15 сола ҳастам оё метавонам дар озмуни расомони наврас иштирок кунам ?

Солеҳов Умедҷон


Салом ба кормандони шабакаи дустдоштаам «Баҳористон» - мехоҳам донам, ки имсол барномаи озмунии телевизионии Парвин пешкаши мо мегардад, ё не ?

Холиқов  Яҳё


Ман ҳамчун модар аз шумо хоҳиш менамоям, ки фарзандони маро дар намоиши "Се духтаракон" сабт намоед.


Салом, чӣ гуна метавонам  расмҳои тасвирнамудаамро ба озмуни расомони наврас  «Тоҷикистон хонаи ман» пешниҳод намоям.

Анвар


Салом, Ман мехоҳам ба филмҳое, ки дар ТВ  «Баҳористон»  бо забони тоҷикӣ тарҷума карда мешаванд, овоз диҳам.

Раҳимова Суман


Асалому алейкум. Филми "кураи гулобӣ-ро" тамошо кардем ва ба мо хеле писанд омад хоҳиш мекунем, ки бори дигар намоиш диҳед.

Сафаров Анвар


Ман модари се фарзанд. Кӯдакони ман мехоҳанд дар шабакаи  «Баҳористон» шеърхонӣ кунанд. Дар бораи Ватан ва Истиқлолият шеърҳои зиёд аз ёд кардаанд. Кай мо метавонем  ба « Баҳористон» равем.

Гуландом Бозорова


Саломи худро ба кули кормандони ТВБ мерасонад. Бародарони ман дар ҷамъбасти  Озмуни расомони наврас, ки дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид, иштирок намуданд. Мегуфтед, ки ин намоиш  кай нишон дода мешавад.

Самиев Расул


Ман  яке аз иштирокчиёни озмуни  телевизионии «Вақте қалам мегирам…» мебошам. Мехостам фаҳмам, ки озмуни мазкур кай ҷамбаст мегардад, зеро мо бесаброна мунтазирем.

Гуландом Тағоева