Душанбе, 22 Январ, 2018
Шумо дар: Асосӣ » Лоиҳаҳо » Раҳнавард

Раҳнавард

Намоиши телевизионии «Раҳнавард», ки ба тариқи озмун гузаронида мешавад, бо мақсади тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби Тоҷикистон, пос доштани расму оин, суннатҳо ва дигар арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси муҳаббат нисбат ба сарзамин, табиат ва ҳифз кардани он, дар ҳамкории Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон — «Баҳористон» бо дигар ташкилоту ширкатҳо баргузор мегардад.

Дар лоиҳа шахсиятҳои шинохтаи касбу кори гуногун, ҷавонони болаёқат новобаста аз ҷои кору таҳсил ширкат меварзанд.
Он дар миқёси ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои гуногун, ки барои иҷрои шартҳо мусоид ва муносиб мебошанд, баргузор мегардад.

Ҳамзамон, дар намоиш ба таври маълумотнома доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои тамошобоб иттилоъ ҷой дода мешавад.

Тавзеҳ ҳудуд шудаанд.

Scroll To Top