Душанбе, 22 Январ, 2018
Шумо дар: Асосӣ » Лоиҳаҳо » Парвин

Парвин

Намоиши телевизионии «Парвин», ки ба тариқи озмун гузаронида мешавад, бо мақсади мусоидат ба тарбияи насли наврас, дар дили наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси муҳаббат ба фарҳангу ҳунар, пос доштани расму оин, суннатҳо ва дигар арзишҳои миллӣ, ҳамзамон кашфи истеъдодҳои наврас дар бахшҳои гуногуни мусиқӣ  баргузор мегардад.

Дар Озмун наврасони баистеъдоди  тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ (шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ) ширкат варзида метавонанд. Ҳамаи истеъдодҳои наврас, дастаҳои ҳунарӣ, ансамблҳои рақсӣ, навозандагон, дастаҳои ҳамсароён (хор) ва ғайра метавонанд дар он ширкат варзанд. Ба маҳорати иштирокчиён дар ҳар як даври озмун аз ҷониби ҳакамон  хол ё баҳо гузошта мешавад.

Барои ҳавасмандии иштирокчиён Сипосномаи Телевизиони «Баҳористон» тақдим мегардад. Инчунин ба ғолибон ва  истеъдодҳои алоҳидае, ки писанди тамошобинон мегарданд, тўҳфаҳои хотиравӣ таъсис дода мешаванд.

Тавзеҳ ҳудуд шудаанд.

Scroll To Top