Чоршанбе, 13 Декабрь, 2017
Шумо дар: Асосӣ » Лоиҳаҳо » МАТИН

МАТИН

Барномаи варзишии МАТИНбо мақсади ташаккул ва таҳким
бахшидани тарзи ҳаёти солим, оммави гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии варзишгарон ва омода шудани наврасон ба машқҳои тактикавиу ҷисмони ҳарби-варзишӣ таҳия мегардад. Муаррифии варзишгарони наврас, к ибо комёбиҳо оламшумулашон эътибори давлатро баланд бардоштаанд. Дар барнома шаш нафар варзишгарони шинохта аз Федератсияҳои гуногуни варзишӣ ширкат меварзанд. Барнома моҳе ду маротиба дар ҳаҷми 35 дақиқа пахш мегардад.

Намоиши телевизионии «Парвин», ки ба тариқи озмун гузаронида мешавад, бо мақсади мусоидат ба тарбияи насли наврас, дар дили наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси муҳаббат ба фарҳангу ҳунар, пос доштани расму оин, суннатҳо ва дигар арзишҳои миллӣ, ҳамзамон кашфи истеъдодҳои наврас дар бахшҳои гуногуни мусиқӣ  баргузор мегардад.

Дар Озмун наврасони баистеъдоди  тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ (шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ) ширкат варзида метавонанд. Ҳамаи истеъдодҳои наврас, дастаҳои ҳунарӣ, ансамблҳои рақсӣ, навозандагон, дастаҳои ҳамсароён (хор) ва ғайра метавонанд дар он ширкат варзанд. Ба маҳорати иштирокчиён дар ҳар як даври озмун аз ҷониби ҳакамон  хол ё баҳо гузошта мешавад.

Барои ҳавасмандии иштирокчиён Сипосномаи Телевизиони «Баҳористон» тақдим мегардад. Инчунин ба ғолибон ва  истеъдодҳои алоҳидае, ки писанди тамошобинон мегарданд, тўҳфаҳои хотиравӣ таъсис дода мешаванд.

 

Тавзеҳ ҳудуд шудаанд.

Scroll To Top