Ҷумъа, 20 Октябр, 2017
Шумо дар: Асосӣ » Лоиҳаҳо » Дарди дил

Дарди дил

Ин барнома дар шабакаи телевизиони «Баҳористон» аввалин бор соли 2012 намоиш дода шуд ва дар байни бинандагон шуҳрати калон пайдо кард. Барномаи «Дарди дил» ҳақиқатро дар бораи бачагоне ифшо месозад, ки зиндагии онҳо пур аз воқеаҳои пурҳаяҷон ва нигаронкунанда мебошад. Қаҳрамонони барнома тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои махсус, аз ҷумла барои бачагони нобино, хонаҳои ятимон, мактабҳои махсуси ислоҳӣ ва дигар мебошанд, ки дар бораи ҳаёти худ, мушкилоти хонаводагӣ ва мактаб ба ҳамсолонашон ҳикоя мекунанд.

Мо одат кардаем, ки оиларо ҳамчун маркази оромишу муҳаббат ва меҳри волидайн ба фарзандон тасаввур кунем. Дар ҳақиқат оила бояд манбаи меҳру муҳаббати инсонӣ ва кӯмаки байниҳамдигарии падарону модарон ва фарзандон бошад. Вале баъзан дар зиндагӣ баръакси ин ҳолат мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо баъзан оила ба саҳнаи вокеаҳои фоҷиабор, баҳсу мунозираҳои сахт, муноқишаҳо, гунаҳгоркуниҳо, таҳдид ва гоҳе низ истифодаи зӯрӣ табдил меёбад.

Дар гузаштаи начандон дур ба масъалаҳои дохилии оила ангушт кардан ғайри қобили қабул шуморида мешуд, вале оқибати чунин вазъият бисёр нигаронкунанда шуд. Хонаводаҳои вайроншуда ба руҳияи фарзандон таъсири амиқи манфӣ мегузорад. Ин моро водор месозад, ки ба сарнавишти чунин бачагон бепарво набошем.

Один комментарий

  1. Салом ба ҳамаи кормандони ТВ «Баҳористон» ман мухлиси барномаҳои шумо ҳастам ва як сол мешавад, ки рамзи шабакаи шумо кубик рубик мебошад .Ман мехоҳам дар бораи таърихи кубик рубик ва сабаби рамзи ТВ «Баҳористон гузоштани он каме мълумот бидиҳед.

Навиштани тавзеҳ

Email-и шумо дар сайт ҷой карда намешавад. Дохилкунӣ ҳатмӣ аст *

*

*

code

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Scroll To Top