Перейти к содержимому
 

То оғози фасли дай рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Ва омодагиҳо ҷиҳати бе мушкилӣ паси сар намудани он дар Муассисаҳои  таълимию томактабии кишвар ҳанӯз аз фасли тобистон рӯи кор гирифта шуд. Гуруҳи эҷодии барнома  барои мушаххас намудани ин масъалаи муҳим аз Муассисаи томактабии рақами 50-уми назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дидан ба амал овард. Тавре маълум гардид, дар Муассиса омодагӣ ба мавсими сармо ҳанӯз аз моҳи марти соли равон оғоз ёфта, тамоми  гуруҳҳо ва  роҳраву ошхона аз таъмирӣ ҷорӣ бароварда шудааст. Ба мавсими сармо 200 литр сӯзишворӣ, инчунин 5 куб ҳезум, 500 кг ангишт захира гардидааст. 4 гуруҳи Кӯдакистон бо фурӯзонакҳои каммасраф, гармикунакҳои барқӣ ва батареяҳо  таъмин карда шуда, тирезаҳо дуқабата шишабандӣ шудаанд. Захираи хӯрока ва донагиҳо, инчунин пиёзу картошка, гӯшту равған , маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулот сари вақт ҳар ҳафта  таъмин карда мешавад.

Чорабинии варзишӣ, ки бо ташаббуси Раёсати маорифи шаҳри Ҳисор дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр роҳандозӣ гардид, ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида шуд. Дар мусобиқаи футболи хурд, ки беш аз 50 дастаро аз Муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ҷамъ овард, дар чор майдон: сунъӣ, майдонҳои кушода ва болопўш гузаронида шуд. Ва бар асоси низомномаи сабқати футболи хурд танҳо дастаи ғолиб имкони идома додани муборизаро пайдо месозаду халос. Ҳамин тавр, барои ҷои сеюм дастаи МТМУ рақами 21 бо Гимназия барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор бозӣ кард. Дар натиҷа дастаи Гимназия ғолиб омад. Барои ишғол намудани мақоми аввали сабқат дастаҳои МТМУ рақами 3 ва МТМУ рақами 53  бо ҳам талош варзиданд. Ҳамин тариқ дастаи МТМУ №3 бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфта, соҳиби ҷоми таъсис намудаи кумитаи тадорукот гардид.

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарояндаи хушовози тоҷик, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» Фаррух Ҳасановро шоми 28 ноябр дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаомӯзии навбатии устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Ҷумҳурии Беларус оғоз шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ.

Ин навбат декани факултети таърих ва ҳуқуқ Давлатхон Назарзода, декани факултети математика Умар Зеваршозода дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷриба қарор доранд.

Дар асоси нақшаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон омӯзгорону деканони факултетҳо давра ба давра дар донишгоҳҳои олии хориҷи мамлакат табодули таҷриба менамоянд.

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXIII Шуро иброз доштанд, ки бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мактаби химикони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Дастовардҳои муосири илм ва технологияи химия» мегузарад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 28. 11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин  намудани сару либоси ягонаи мактабӣ ва ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дӯхти либоси мактабӣ амалӣ мешавад. Дар ҳамин замина соли аввал аст, ки дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон» коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дошта, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» анҷом меёбад. Дар он 115 нафар довталаб аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок доранд. Калонсолтарин иштирокчии озмун - сокини 83-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ Маъқула Ҳакимова мебошад, ки ба пиронсолияш  нигоҳ накарда, ҳар саҳифаи китобро пурра аз худ намудааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин зани маърифатпарвару китобдӯст ҳамсуҳбат гардид, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр байни кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи байналмилалии пиряхҳо машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», дар саволномаи озмун 1092 савол ҷой дода шудааст. Ба ҳар довталаби озмун саволҳо дар алоҳидагӣ, бе такрори он дар ҳаҷми 9 савол дода мешавад, ки аз ин шумора як савол ҳатман ба ҳаёту эҷодиёти академик Бобоҷон Ғафуров дахл дошта, саволи дигар ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон рабт дорад, яъне расми ёдгориҳо пешниҳод мешавад ва иштирокчӣ бояд дар бораи он маълумот дода тавонад. Дар ин хусус зимни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки он имрўз, 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад, хабар доданд.

Идома