Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2023 шумораи гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ СПИД) дар саросари ҷаҳон ба 38 миллион нафар мерасад. Сарфи назар аз кӯшишҳои давомдор дар ҷаҳон оид ба мубориза бо ин беморӣ шумораи сироятҳои нав хеле зиёд гардида, соли 2023 дар саросари ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нави ВИЧ ба қайд гирифта шудааст.

Идома

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон менамояд.

Идома

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ал-Мактум меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  29 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола оид ба футбол ба анҷом расид. Медалҳои тиллоро футболбоздухтарони «Бунҷикат»-и ноҳияи Шаҳристон ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин ҳунармандони мамлакат  консерти хайриявӣ  баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи  маблағгузории иловагӣ  ба лоиҳаи  фарогирӣ бо  хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавӣ- Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди барассӣ  қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар»  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он  51 субъекти ватанӣ  ғолиб  дониста шуда, ҳавасманд гардиданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои Чинор ва Ҳалқарӯди Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор ду бинои иловагии мактабҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 61 ва 65  ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Идома