Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамасола дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил мегардад.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯчаю хиёбонҳои пойтахт навсозӣ гардида, бо нақшу нигори миллӣ оро дода мешаванд.

Имрӯзҳо кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт ба макони писандидаи сокинон ва меҳмони шаҳр табдил ёфтаанд. Хиёбони Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт аз ҷумлаи онҳост, ки чанд сол пеш навсозӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гулпарварони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» низ бо шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ин фестивалро гузаронида, барои пешвозгирии меҳмонону сайёҳон саҳни онро ба гулгашт табдил додаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  ин фурудгоҳ хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки фестивали «Сайри гули лола» бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 ва густариши корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва  вилоят баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 5 миллиону 243 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 647 ҳазору 487 дона гули лола, 888 ҳазору 475 бех гули садбарг ва 3 миллиону 707 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Дар ин хусус зимни баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Бохтар иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Идома