Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем», — иброз гардид дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.

«Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар 7 соли минбаъда то ба 10 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати нуҳуми ҷаҳон аз намуди пауэрлифтинг (сеҳарба), ки дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 16-17 декабр баргузор шуд, соҳиби ҳашт медали тилло ва як нуқра гардиданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи «Мактаби тиҷорати рақамии Лондон» («London School of Digital Business») Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, субот ва эътирофи дастовардҳо бо ҷоизаи «Беҳтарин донишгоҳи  навовар ва пешрафтаи соли 2023 (LREA 2023)» қадрдонӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Идома