Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2017 дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ муаррифӣ гардида буд, аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро соҳиб гардида  буд. Ҷолиби  таваҷҷуҳ аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати давлатҳое, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, ба таври алоҳида таъкид гардид. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари он мебошанд, ки мамлакати мо қадам ба қадам ба стратегияҳои қабулгардидаи худ ва ба иқтисодиёти босубот  мегузарад. Чунин изҳори назар намудааст сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Қузратзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

Идома

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни касбӣ таҳти унвони «Ошпаз-қанноди беҳтарин» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд.

Идома

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7- и деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ оғоз бахшида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Идома

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад»,- чунин омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид.

Идома

ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, соли 2024  Тоҷикистон 12  ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд.

Идома

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Темурмалик сафар намуда, дар деҳаи навбунёди Танобчии Болои Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бинои бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2024  12  ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИССЕСКО Мирзошариф Абдусаломов иттилоъ дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», яъне аз соли 2019 то 2023 дар он 16 ҳазору 259 довталабон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Айдаршозода.

Идома

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Идома