Панҷшанбе, 17 Август, 2017
Шумо дар: Асосӣ » Хабарҳо » Номгуи барномаҳои ТВ «Бахористон»

Номгуи барномаҳои ТВ «Бахористон»

  • «Бозёфт» — озмуни телевизионии ихтирокорону навоварон мебошад, ки ба онҳо имкони ширкат ва муаррифии лоиҳаҳояшонро ба доварон ва доираи васеи тамошобинон фароҳам меорад.  Озмун се моҳ идома ёфта, ҳар сол   дар арафаи Соли Нави милодӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон бо тӯҳфа ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд.
  • «Ҳусни  баён» — ҳар ҳафта ин барнома бо иштироки доктори илмҳои филология, профессор Б. Камолиддинов таҳия мегардад, ки тавассути он масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ, имло, истифодаи истилоҳоти нав, риояи қатъии меъёрҳои луғавии забони давлатӣ, талқини эхтиром ва арҷгузорӣ ба он баррасӣ мегардад.
  • «Тақдир» — ин барнома , ки қаҳрамонҳояшон кӯдакону наврасон, оилаҳои ниёзманд ва бошандагони мактаб – интернатҳо мебошанд, ҳар ҳафта омода ва пахш мегардад.
  • «Дуннёи меҳр» — Дар ин барнома доир ба кӯдакону наврасони маъюб, ки бо сабабҳои гуногун гирифтори ин ё он беморӣ ҳастанд, маълумот дода мешавад.
  • «Калидчаи заррин» — намоиши фароғатиест, ки тариқи бозӣ бо иштироки ду даста сурат мегирад ва ба гурӯҳи ғолиб калиди рамзӣ супорида мешавад.
  • «Иштибоҳ» — асосан тавассути ин намоиш он иштибоҳҳое  нишон дода мешаванд, ки таҳиягарон ҳангоми наворгирӣ ё танзими филмҳои машҳури ҷаҳонӣ содир кардаанд.
  • «Маҳбуб» — намоиш доир ба рӯзгор, корнома, дастовардҳои нафаронест, ки дар ҷомеа маъруф  гардидаанд. Намоиш тавассути суҳбати бевоситаи онҳо таҳия гардида, андешаҳои шахсии қаҳрамон нисбат ба масъалаҳои гуногун пешниҳод мешаванд.
  • «Танаффуси калон» — чунин ном дорад, викторинаи телевизионие, ки дар Чараёни танаффуси калон дар яке аз таълимгоҳҳо гузаронида мешавад.
  • «Ба  пеш»  -  ҳафтае як маротиба пахш гардида,  ба таври саволу чавоб  гузаронида мешавад. Иштирокчиёни барнома  хонандагони МТМУ  кишвар мебошанд. Он нафаре , ғолиб мегардад,  ки ҳамаи зинаҳои  муаяншударо  гузашта тавонад.
  • «Панҷаи  Ҳунар» — дар бораи  ҳунарҳои мардумӣ, ки  намунаашон  аз ҷониби  хонандагони  муассисаҳои таълимӣ  омода ва пешниҳод  мегардад. Барнома  дар як моҳ  ду маротиба  пахш  мегардад.
  • «Гиреҳ» — барномаи таҳлиливу илмӣ буда,  мавзӯъҳои гуногун  дар он баррасӣ мешаванд. Барнома  дар як моҳ ду маротиба  таҳия мегардад.
  • «Мо ва ҷонварон» — дар бораи  ҳаёти  ҷонвароне  маълумот медиҳад, ки  аз ин ё он ҷиҳат  зиндагии онҳо  ба  зиндагии одамон   монандӣ  дорад.
  • «Биё  ба  бозӣ» -  барнома  бо гузаронидани   бозиҳои  дидактикӣ  дар  иҳотаи  кӯдакони  муассисаҳои   то мактабӣ  ҷараён  мегирад. Мақсад  аз  таҳияи  ин барнома  зирркаиву  ҳушёриро  дар  кӯдакон  тақвият  додан  аст.
  • «Беҳтар аз дӯст» — дар  ин барнома ҷиҳатҳои хуби асарҳои адибони муосир ва класикон бо иштироки хонандагони фаъоли  муассисаҳои таълимиикишвартаълиф мегарданд.  Мақсад аз баргузории ин барнома ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба китобхони ва онҳоро бо осори адибони форсу тоҷик хубтар ошно сохтан мебошад.
  • Барномаи «Сарбоз» — тавасути ин барнома дар бораи чи гунна гузаштани ҳаёту фаъолияти сарбозон дар қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурӣ бароятон маълумот дода мешавад.
  • «Рахнавард» -  дар ин барнома бо иштироки ҳунармандон, сарояндагон ва дигар шахсони шинохтаи Ҷумхурӣ ба ҷойҳои таърихии кишвар бо тариқи шартҳои гуногуни шавқовар сафар мекунанд.
  • «Олами техника» — аз навгониҳои олами техникаи ҷаҳонӣ таҳия ва пешниҳод мегардад.
  • «1-соат» — барномаи фарҳангиву фароғатӣ буда, тӯли як соат ба воситаи бахшҳои  гуногуни иттилоотӣ, маърифатӣ ва фароғатӣ ба тамошобинон маводи ҷолиб пешниҳод карда мешавад.
  • «Дунёи театр» — ҳадафи барнома  шинос  намудани  насли наврас  ва бинандагон оид  ба намоишномаҳои театрӣ.
  • «Навгониҳои мусиқиӣ ва «Навгониҳои синамо» — дар ин барномаҳо мусикиҳои тоза эъҷод ва филмҳои  наве, ки дар рӯзҳои муайян бори аввал пахш мегарданд,  ба тамошобинон муаррифи карда мешаванд.
  • «Ифтихор» — ҷиҳати бедор намудани ҳисси ифтихори милли ватанпарастӣ таҳия мегардад, ки дар он наврасону ҷавонони боистеъдод ва намунавии даврони Истиқлол муаррифӣ карда мешаванд.
  • «Парвин» — аз ҳама лоиҳаи бузурги телевизиони «Баҳористон» ба шумор рафта барои дарёфти истеъдодҳои  наврас дар жанрҳои вакал, хореография ва навозандагӣ мебошад.
  • «Таҳамтан» — дар бораи варзишгароне, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бо натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, маълумоти муфассал медиҳад.
  • «Гурдофарид» — аз ҳаёт ва фаъолияти варзишгардухтарони номдор, ки дар риштаҳои гуногуни варзиш дастболо шудаанд, таҳия мегардад.
  • «7-рӯзи варзиш» — роҷеъ ба чорабиниҳову навигариҳои олами варзиш, ки дар дохил ва хориҷи кишвар тӯли ҳафта ба вуқӯъ пайвастаанд, таҳия мегардад.
  • «Ғунча» -  барнома  барои хурдтаракон, ки дар он тамошобин  тарзи  сохтани  ашёи  гуногунро  тавассути  коғазу  ширеш  меомӯзанд.
  • «Ҳафтранг» -  ин барномаи таълимӣ – маърифатӣ   буда,  тарзи  кашидан  ва  тасвир намуданро  наврасон  аз рассоми  соҳибтаҷриба  меомӯзанд.
  • «Матин» — дар он 6 нафар варзишгар иштирок намуда миёни ҳам аз рӯи варзиши «Бодибилдинд» рақобат мекунанд ва аз тарафи доварон баҳогузори карда мешаванд. Мақсад аз баргузори ин барнома ин ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба варзиш ва нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим мебошад.
  • «Ситораҳои Футбол» -  тавасути ин барнома дар бораи футболбозони машҳури ҷаҳон  маълумот дода мешавад.
  • «Офарин» — яке аз маҳбубтарин барномаҳои варзишии кӯдакону наврасон ба ҳисоб меравад. Ин барнома аз толорҳои варзишии боғчаву мактабҳо бо иштироки кӯдакон сабт мегардад.
  • «Таҷриба» — барномаи  мазкур  ба таври  амалӣ  ҷараён  гирифта, дар он  ин  ё он  таҷриба  гузаронида  шуда, аз  ҷониби  мутахассис  шарҳи  худро  меёбад.
  • «Кулоҳи сеҳрнок» — барномаи фароғатӣ буда сиру асрори чашмбадиҳои гуногунро бо иштироки кӯдакон ифшо месозад.»
  • «Суръат» — дар бораи  навгониҳои  сохтмон   ва  иншоотхои  азимҷусса  маълумот  медиҳад.
  • «Се  духтаракон» — барномаи шомгоҳӣ  буда,  дар он  афсонаҳои ҷолиб ва қиссаҳои пандомез  аз  забони барандагони  намоиш  ҳикоя  карда  мешавад.
  • «Happy Еnglish»  -  барои боз ҳам хубтар омомӯзондани забони англисӣ бо иштироки қахрамонони афсонавӣ манзури тамошобинон мегардад.
  • «Таҳлил» — ин барнома барои ошно сохтани довталабони оянда бо шарту шароити имтиҳонсупори дар Маркази Милии Тести пешбини шудааст.
  • «Чигилак» намоиши тарбиявӣ буда, бо саҳнаҳои пандомезу ҳазломез пахш мегардад.
  • «Озмунин расомони наврас» — дар ҳар иду ҷашнҳо маҳсули дасти кӯдакону наврасонро тариқи телевизион намоиш медиҳад.
  • «Хабар» — баномаи иттилооти буда ҳамарўза тамошобинонро бо хабарҳои тоза ошно месозад.
  • «Фикри шумо» — барномаи таҳлили буда мавзўъҳои мубрами рўзро бо мутахасисон бараси менамояд.

Тавзеҳ ҳудуд шудаанд.

Scroll To Top