Якшанбе, 22 Октябр, 2017
Шумо дар: Асосӣ » Лоиҳаҳо

Бойгонии: Лоиҳаҳо

МАТИН

matin

Барномаи варзишии “МАТИН”бо мақсади ташаккул ва таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим, оммави гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии варзишгарон ва омода шудани наврасон ба машқҳои тактикавиу ҷисмони ҳарби-варзишӣ таҳия мегардад. Муаррифии варзишгарони наврас, к ибо комёбиҳо оламшумулашон эътибори давлатро баланд бардоштаанд. Дар барнома шаш нафар варзишгарони шинохта аз Федератсияҳои гуногуни варзишӣ ширкат меварзанд. Барнома моҳе ду маротиба дар ҳаҷми 35 дақиқа пахш мегардад. Намоиши телевизионии «Парвин», ки ба тариқи ... Маълумоти пурра »

Парвин

vlcsnap-2016-01-10-20h57m33s937

Намоиши телевизионии «Парвин», ки ба тариқи озмун гузаронида мешавад, бо мақсади мусоидат ба тарбияи насли наврас, дар дили наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси муҳаббат ба фарҳангу ҳунар, пос доштани расму оин, суннатҳо ва дигар арзишҳои миллӣ, ҳамзамон кашфи истеъдодҳои наврас дар бахшҳои гуногуни мусиқӣ  баргузор мегардад. Дар Озмун наврасони баистеъдоди  тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ (шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ) ширкат варзида метавонанд. Ҳамаи истеъдодҳои наврас, дастаҳои ҳунарӣ, ... Маълумоти пурра »

Раҳнавард

rahnavard

Намоиши телевизионии «Раҳнавард», ки ба тариқи озмун гузаронида мешавад, бо мақсади тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби Тоҷикистон, пос доштани расму оин, суннатҳо ва дигар арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси муҳаббат нисбат ба сарзамин, табиат ва ҳифз кардани он, дар ҳамкории Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон — «Баҳористон» бо дигар ташкилоту ширкатҳо баргузор мегардад. Дар лоиҳа шахсиятҳои шинохтаи касбу кори гуногун, ҷавонони болаёқат новобаста аз ҷои кору таҳсил ширкат меварзанд. Он дар ... Маълумоти пурра »

Лоиҳаи “Ватани ман ҷони ман”

ватани ман чони ман

Лоиҳаи  “Ватани ман ҷони ман” тӯли се сол аст, ки дар Муассисаи давлатии  телевизиони кӯдакону наврасон  “Баҳористон” вобаста ба иду ҷашнҳо,  бо номҳои гуногун аз қабили “Орзуҳои нуҳуфта”, “М о ҳимоятгари Ватанем”, “Наврӯзи Ватан” пахш мегардад. Дар озмун иштирокчиёни аз синни 5 то 17 сола аз ҳама минтақаҳои кишвар ширкат варзида  расмҳои беҳтарини худро пешниҳод менамоянд. Сипас ҳамаи иштирокчиён ройгон ба тамошои Сирки давлатӣ ва театрҳо ҷалб мегарданд. Масъулони ин лоиҳа барномаи ... Маълумоти пурра »

Дарди дил

17757288778809991185

Ин барнома дар шабакаи телевизиони «Баҳористон» аввалин бор соли 2012 намоиш дода шуд ва дар байни бинандагон шуҳрати калон пайдо кард. Барномаи «Дарди дил» ҳақиқатро дар бораи бачагоне ифшо месозад, ки зиндагии онҳо пур аз воқеаҳои пурҳаяҷон ва нигаронкунанда мебошад. Қаҳрамонони барнома тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои махсус, аз ҷумла барои бачагони нобино, хонаҳои ятимон, мактабҳои махсуси ислоҳӣ ва дигар мебошанд, ки дар бораи ҳаёти худ, мушкилоти хонаводагӣ ва мактаб ба ҳамсолонашон ҳикоя ... Маълумоти пурра »

Scroll To Top