Душанбе, 22 Январ, 2018
Шумо дар: Асосӣ » Барномаҳо (page 27)

Бойгонии: Барномаҳо

Таҳамтан

Қаҳрамонони ин барнома варзишгарони ҷавон мебошанд, ки дар тӯли фаъолияти варзишиашон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, соҳиби шӯҳрат ва ифтихори кишвари худ гардидаанд. Дар барнома тамошобинон роҷеъ ба сирру асрори фаъолият, дастовардҳои варзишӣ ва зиндагии шахсиашон огоҳ мешаванд. Ин барнома бо он мароқовар аст, ки намудҳои гуногуни варзишро дар байни наврасону ҷавонон ташвиқу тарғиб намуда, варзишгарони навро ба майдони мусобиқа раҳнамун месозад. Муҳаррир: Дилшод Солеҳов Коргардон: Аслам Ёдгоров Маълумоти пурра »

Ном

Ҳар кас бояд таърих ва маънии номи худро донад. Одамон аз замонҳои бостон ба масъалаҳои интихоб ва моҳияти номи фарзандонашон аҳамияти калон медоданд. Шарҳи ном аз тарафи мутахассисон ба соҳиби он имкон медиҳад, ки ҳамаи мароҳили пайдоиш ва ташаккули номи худро бидонад. Барномаи «Ном» ба шумо кӯмак мерасонад, ки аз таърихи пайдоиш ва тағйироту таҳаввули номи худ огоҳ бошед. Муаллифи барнома: Ҳалимахон Ғолибова Коргардон: Музаффар Сулаймонов Маълумоти пурра »

Аз таърихи варзиш

Варзиш таърихи қадима дорад. Намудҳои гуногуни он монанди тирандозӣ, аспдавонӣ, муштзанӣ, якҳарбаҳои шарқӣ ва дигарҳо, ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз мелод вуҷуд доштанд. Барномаи «Аз таърихи варзиш» дар бораи таърихи пайдоиши ин ё он намуди варзиш ва қоидаҳои он ҳикоят мекунад. Муаллиф: Сиёвуш Хидиров Маълумоти пурра »

Кулоҳи сеҳрнок

Ин барномаи шавқовар барои кӯдакон ва наврасон аст. Дар барнома чашмбандиҳои ҷолиб ва ҳайратовар намоиш дода мешавад, сипас барандаи барнома роҳу усули иҷрои ин чашмбандиҳоро ба иштирокчиён ва тамошобинон нишон медиҳад. Муаллиф: Сиёвуш Хидиров Коргардон: Аслам Ёдгоров Баранда: Диловари Сайфиддин Маълумоти пурра »

Асрор

Ҳадафи ин барнома огоҳонидани бинандагон аз асрори улуми тиб, ситорашиносӣ, физика, химия ва илмҳои дигар мебошад. Дар барнома сухан дар бораи асрори нокушодаи табиат, кайҳон ва унсурҳои он сухан меравад. Муаллиф: Сиёвуш Хидиров Маълумоти пурра »

Ҳампаҳлӯ

Ин барнома ба муаррифии ҷузъиёти фаъолияти идории ташкилоту муассиса, бемористонҳо, озмоишгоҳҳо, корхонаҳо ва созмонҳои дигари давлатӣ бахшида шудааст ва ҳадафи он шинос кардани тамошобинон бо фаъолияти коргарону кормандони беҳтарини соҳаҳои гуногуни ҳаёт аст. Муҳаррир: Сиёвуш Хидиров Коргардон: Сунатуллои Ҳабибулло Маълумоти пурра »

Як соат

Рӯйдодҳои муҳим, чеҳраҳои нодир, ихтирооти ҷолиб, маслиҳатҳои муфид, оҳангҳои марғуб — мавзӯъҳои асосии барномаи «Як соат» мебошанд. Ин барнома барои тамошобинони синну соли гуногун пешбинӣ шуда, ҳар шоми шанбе ва бомдоди якшанбе пахш мешавад. Номгӯи баъзе бахшҳои намоиш: Як рӯйдод – шарҳи рӯйдоди муҳимми ҳафтаи сипаришуда; Як ҳақиқат – дар бораи ҳақиқати ҳаводиси гуногуни табииву ҷуғрофӣ; Як савол – дар ин бахш шаҳрвандон андешаҳои худро роҷеъ ба саволи додашуда иброз медоранд; Як маслиҳат – маслиҳатҳои ... Маълумоти пурра »

Калидчаи заррин

Ин барномаи шавқовар барои кӯдакону наврасон таҳия шуда, ҳадафи он рушди маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон, аз ҷумла инкишоф додани қувваи ҳофиза ва нутқ, тарбияи бадан, ҳозирҷавобӣ ва густариши ҷаҳонбинии наврасон мебошад. Ширкаткунандагони намоиш хонандагони мактабҳо ва тарбиятгирандагони боғчаҳо мебошанд. Барнома аз панҷ шарт иборат буда, чанд намуд бозиро дарбар мегирад. Бозиҳо вобаста ба синну соли кӯдакон интихоб мешаванд. Даҳ нафар кӯдакони ҳамсол ба ду гурӯҳи панҷнафара ҷудо шуда, бо ҳам ... Маълумоти пурра »

Тақдир

Барномаи «Тақдир» бори аввал соли 2010, баъди дар шаҳри Кӯлоб рух додани фалокати табиӣ, дар телевизион намоиш дода шуд. Тавре ки маълум аст, бар асари ин фоҷеа одамон, аз ҷумла кӯдакон низ ҳалок гардида буданд ва хонаводаҳои зиёде бе хонаву ҷой монданд. Ҳамон рӯзҳо кормандони телевизиони «Баҳористон» қарор доданд, ки дар бораи вазъияти маҳалҳои зарардида ва хусусан, кӯдакони фавтида, барномаҳо таҳия созанд. Бо мурури замон, аз ҳаёти тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, ... Маълумоти пурра »

Scroll To Top