Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони навраси тоҷик Лоиқ Қудбиддинов дар вазни то 60 кг дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Аврупо оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи якуми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия оғоз ёфт ва то 11 март идома меёбад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ мешавад.

Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 27.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар робита ба ин нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова хабар дод.

Идома

СУҒД, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонону варзишгарони шаҳри Истаравшан ҳамовозиашонро аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ ҷиҳати эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бо баргузории роҳпаймоии осоишта иброз намуданд.

Идома

Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии «Созмони хонандагон» -и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ дар пояи муҷассамаи Асосгузори аввалин давлати тоҷикон-Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ -и шаҳри Душанбе бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими гулгузорӣ ва қабули тантанавии аъзои нав ба зинаи «Ворисони Сомониён» -и созмони мазкур баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми ҶТ, ташкилоту муассисаҳои умумии пойтахт ширкат варзиданд. Қобили  қайд аст, ки дар маросим зиёда аз 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо ёд кардани савганди тантанавӣ ба сафи «Созмони хонандагон» ба номи Исмоили Сомонӣ қабул гардида, қавл доданд, ки барои хизмат ба халқу Ватан ҳамеша омода ҳастанд.

Дар доираи нақша чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 128-и ноҳияи Фирдавсӣ семинар машварати омӯзишии директорони Муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Ба иттилоъи масъулин баргузории чунин машваратҳо анъанавӣ гардида, ҳадафи асосии он беҳтар намудани таълиму тарбия ва ҷори намудани роҳу усулҳои нави таълим мебошад. Тавре мушоҳида намудем нахуст ширкатдорон дар дарсҳои омӯзгорони таълимгоҳи мазкур ширкат варзида, фаъолияту донишандӯзии хонандагон  ва тартиби дарсгузаронии омӯзгоронро баҳогузорӣ карданд.