ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз, 2 декабр бахшида ба 24-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Фармони тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Автор: ТВБ
Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам».
ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 декабр дар шаҳри Душанбе ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд. Яке аз гирандагони «Шоҳҷоиза» сарбози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Ҳасани Назар мебошад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин сарбози ватандӯсту маърифатпарвар ҳамсуҳбат гардид.
Выступление Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона на Пленарном заседании 28-й Конференции сторон Рамочной конвенции ООН об изменении климата.
01.12.2023, Объединённые Арабские Эмираты
Уважаемая госпожа Председатель,
Дамы и господа.
Прежде всего, хочу выразить свою признательность Организации Объединенных Наций и Правительству Объединенных Арабских Эмиратов за проведение сегодняшнего заседания.
ИдомаҒолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» гардид.
ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардида, дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин маросим.
Дар шаҳри Хоруғ имтиҳонҳои қабул ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» доир шуданд.
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии вилоят доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев хабар медиҳад.
Идома1 ДЕКАБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО-ВИЧ/СПИД). Соли 2023 дар ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нав ба қайд гирифта шудааст.
ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2023 шумораи гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ СПИД) дар саросари ҷаҳон ба 38 миллион нафар мерасад. Сарфи назар аз кӯшишҳои давомдор дар ҷаҳон оид ба мубориза бо ин беморӣ шумораи сироятҳои нав хеле зиёд гардида, соли 2023 дар саросари ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нави ВИЧ ба қайд гирифта шудааст.
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст.
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон менамояд.
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз гардид.
ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ал-Мактум меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид.
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.