Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 27.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу - ҷитсуи бразилӣ ( Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu - World Open Championship 2023 ) хонандаи синфи 6 Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Муҳаммад Шерализода дар категорияи камарбанди хокистарранг, дар вазни 30 кг ғолиби мутлақ ва сазовори медали тилло гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.

Идома

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир мегардад.

Идома

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.    Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдоми инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба беш аз 14 000 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду ниёзманд кумакҳо иборат аз маводи мавриди ниёзи аввал ва туҳфаҳои  идона расонида шуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 27.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Шахси хирадманд» бо иштироки олимону донишмандон ва собиқадорони соҳаи табъу нашр конференсияи илмӣ—назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар нашриёти «Ирфон».

Идома

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /НИАТ «Ховар»/. 28 декабря 2023 года в большом зале резиденции «Кохи Сомон» Правительства Республики Таджикистан Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон обратится с Посланием Маджлиси Оли Республики Таджикистан «Об основных направлениях внутренней и внешней политики республики».

Идома

ДУШАНБЕ, 26.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

РӮДАКӢ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-и деҳаи Мингичари Ҷамоати деҳоти Лоҳур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия самимона истиқбол гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 25.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни наврасон, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир шуд, ғолиб шуда, ду медали тилло ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Идома