Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 01.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аввалҳои соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мешавад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2022 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.

Идома

ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хатмкардагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, воқеъ дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии муассиса тасмим гирифтанд, ки синфхонаҳои таълимгирифтаашонро таъмири мукаммал намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» доир мегардад. Дар озмун рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон,  намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият доранд, иштирок намуда метавонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Идома

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳое шомил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон байни 183 давлати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол намудааст. Чунин гуфта шуд имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

Идома

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома