Автор: ТВБ
«Дар меҳмонии ТВБ»
Тахмина Раҷабова.
«Дар меҳмонии ТВБ»
Ситораи Кароматулло.
«Ангубин»
ТАБИАТИ АТРОФРО ПОКИЗА НИГОҲ МЕДОРЕМ ! Соли 2023 дар шаҳри Душанбе 106 маротиба ҳашари экологӣ гузаронида шуд.
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таъмини покизагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, назди ташкилоту идора ва муассисаҳо дар асоси супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо ташаббуси мақомоти назорати давлатӣ-Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе соли 2023 47 маротиба ҳашари экологии “Тозагии соҳил”, 51 маротиба ҳашари “Тозагии маҳал” ва 8 маротиба ҳашари “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуд. Дар ин хусус сухангӯи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур иттилоъ дод.
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҷавонон бояд баҳри тақвияти ҳисси худшиносӣ осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд.
ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Зафари Шариф ҳамсуҳбат гардид.
В Душанбе началась предметная олимпиада с участием более 5 тысяч претендентов.
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /НИАТ «Ховар»/. Вчера в Душанбе началась предметная олимпиада по 13 учебным дисциплинам среди учащихся средних общеобразовательных учреждений, сообщили НИАТ «Ховар» в Главном управлении образования города Душанбе.
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат норасоии кадрҳои баландихтисосро дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон бартараф намуд.
ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли равон танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ин матлаб зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли равон баён гардид.
ИдомаДар деҳаи Ворӯи Панҷакент мактаб ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.
ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ворӯи Панҷакент, ки аз дурдасттарин маҳалҳои зисти шаҳр маҳсуб мешавад, бинои нави муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
КАДОМ КИТОБҲОРО БОЯД МУТОЛИА НАМУД? Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» манзур мегардад.
ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024 — 4 570 000 (чор миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.
Идома