Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 15.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи бистуми ҷашнии Жаутиков ( IZhO-2024 ) ҷамъбаст ва ғолибони ин олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2024 маълум гардиданд. Дар байни онҳо 10 хонандаи тоҷик низ ҳаст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Идома

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар  ҷамоат, шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бо истифода аз мавсими мусоиди ниҳолшинонӣ маъракаи оммавии ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ баргузор шуд. Зимни он бо тавсияи мутахассисони соҳа дар шафати роҳҳо, назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар макони ҷамъиятиву фарҳангӣ-фароғатӣ ниҳоли дарахтони  сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Идома

ДУШАНБЕ, 12.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2017 инҷониб бо ташаббус ва кӯшишу талошҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз ҷиҳати зебоиву озодагӣ, инфрасохтор, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва боғу гулгаштҳои барҳаво ба яке аз шаҳрҳои зеботарин ва пешрафтатарин табдил ёфта, дар рӯйхати амнтарин шаҳрҳои дунё ҷой гирифтааст.

Идома

ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис меёбад. Барандагони Ҷоизаи мазкур онҳое мегарданд, ки дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ дастовард дошта, дар муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳақиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик», ки 5 декабри соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, дастур доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар мамлакат бояд тадбирҳои муассир андешида шуда, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ тақвият бахшида шавад. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баён дошт.

Идома

ФАЙЗОБОД, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025 муассисаҳои таҳсилоти томактабии №3 ва №4-и ноҳияи Файзобод аз ҳисоби гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири пурра шуданд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

...Идома "Муассисаҳои таҳсилоти томактабии №3 ва №4-и ноҳияи Файзобод таъмири пурра шуданд."

ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин рӯзи соли нави мелодии 2024 ба имзо расидани амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» идомаи мантиқии сиёсати маорифпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даврони истиқлоли давлатӣ ифода менамояд. Аҳамият, моҳият ва натиҷаҳои ин се озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ бояд фаротар аз як озмуни фарҳангиву адабӣ дарк шаванд. Танҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қодир аст, ки сабаби таҳаввулоти амиқ дар мафкураи ҷомеаи муосир гардад, одамонро ба сӯи маърифат ва фарҳанги китобхонӣ, китобдонӣ, китобшиносӣ ва бад-ин тартиб одаму оламшиносӣ ва ниҳоят худшиносӣ ҳидоят созад. Агар нахоҳем, ки миллат побанди хурофоту ҷаҳолат монад, агар нахоҳем, ки миллат бе саводу бе андеша монад, пас, мебояд ҳадди ақалл узви ҳар хонадон аз 50 то 100 китоб хонда бошад, на танҳо осору эҷодиёти адибони гузаштаи тоҷикро донад, ҳамчунин аз таъриху адабиёти ҷаҳон бохабар бошад.

Идома