Душанбе, 22 Январ, 2018
Шумо дар: Асосӣ » Архив автора: Administrator (page 89)

Author Archives: Administrator

Навгониҳои синамо

Ин барнома дар бораи навигариҳои олами синамо хабарҳои тоза ва ҷолиб пахш менамояд. «Навгониҳои синамо» ба бинандагон филмҳои нави киносозони тоҷик ва мамолики хориҷиро муаррифӣ мекунад. Дар ҷараёни барнома шумо метавонед аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарпешагони машҳури синамо, ҳамчунин дар бораи филмҳои машҳур ва силсилафилмҳо маълумот ба даст оваред. Намоиш асосан аз филмҳое ҳикоят мекунад, ки бинандагон онҳоро дар давоми чанд рӯзи оянда тамошо карда метавонанд. Муаллифони барнома дар бораи пайдоиши ... Маълумоти пурра »

«Офарин»

Бозиҳои шавқовари «Офарин» соли 1973 дар идораи барномаҳо барои кӯдакон ва наврасони Телевизиони Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Наздик ба чил сол барнома пешкаши бинандагони наврас мегардад. Дар рушду такмил ва мардумӣ гаштани он кормандони телевизион Фозил Зокиров, Каримҷон Бурҳонов, Худоёр Имомёров, Мизроб Қосимов, Маҳбуба Ғуломова, Зебунисо Каримова ва дигарон саҳми арзанда доранд. Бояд гуфт, ки тарбияи ҷисмонӣ бахши муҳимми тадбирҳои солимгардонӣ ва тарбиявӣ ба шумор рафта, воситаи қудратманд ва самарабахш барои ... Маълумоти пурра »

«Ҳафтранг» ва «Худ бисоз, бо мо бисоз»

Ҳадафи ин барномаҳо ба ҷаҳони санъат ва ҳунар ворид сохтани кӯдакон мебошад. Онҳо ҳамроҳи қаҳрамонон дар бораи санъати тасвирӣ, аз ҷумла намуд ва рангҳо огоҳ мешаванд. Машқҳои содда ва ҳамафаҳм дар кӯдакон малакаи нахустини расмкашӣ ва наққоширо эҷод мекунад. Кӯдакон ба ин васила ба омӯзиши хат тайёр мешаванд. Ҳамаи онҳое, ки расмкашӣ ва ҳунари дастиро дӯст медоранд, усули судбахши ин ҳунарро ба воситаи барномаҳои «Ҳафтранг» ва «Худ бисоз, бо ... Маълумоти пурра »

Се духтаракон

Афсона ба тарбияи кӯдак, тахайюлоти дурусту воқеӣ, ташаккули малакаи эҷодӣ, ғанитар гардидани ҷаҳони ботинӣ ва захираи луғавии ӯ кӯмаки калон мерасонад. Дар илми равоншиносӣ соҳаи махсуси табобати бемориҳо ба воситаи сухан мавҷуд аст, ки бахши асосии онро афсона ташкил медиҳад. Телевизиони «Баҳористон» барои тамошобинони хурдсоламон барномаи «Се духтаракон»-ро пешкаш мекунад. Се духтараки дӯструю зебо ҳар бегоҳ меҳмони хонадони шумо гардида, бо афсонаҳои шавқовари мардумӣ хотиратонро болида месозанд. Ғояи асосии ин барнома дар ... Маълумоти пурра »

7 рӯзи варзиш

Ҳаёти варзишӣ лаҳзае таваққуф намекунад. Дар ин бора ва масоили дигари марбут ба имрӯзу фардои варзиш дар барномаи «7 рӯзи варзиш» сухан меравад. Муаллифони барнома рӯйдодҳои ҳафтаи гузаштаи варзиширо ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар ҷаҳон ба бинандагон пешкаш мекунанд. Алоқамандон ба воситаи ин барнома аз ҷараёни мусобиқаҳои олимпӣ, аз фаъолияти рӯзмарраи варзишгарон ва умуман ҳаёти варзишии кишвар ва хориҷ ошно мешаванд. Муҳаррир: Дилшод Солеҳов Маълумоти пурра »

Таҳамтан

Қаҳрамонони ин барнома варзишгарони ҷавон мебошанд, ки дар тӯли фаъолияти варзишиашон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, соҳиби шӯҳрат ва ифтихори кишвари худ гардидаанд. Дар барнома тамошобинон роҷеъ ба сирру асрори фаъолият, дастовардҳои варзишӣ ва зиндагии шахсиашон огоҳ мешаванд. Ин барнома бо он мароқовар аст, ки намудҳои гуногуни варзишро дар байни наврасону ҷавонон ташвиқу тарғиб намуда, варзишгарони навро ба майдони мусобиқа раҳнамун месозад. Муҳаррир: Дилшод Солеҳов Коргардон: Аслам Ёдгоров Маълумоти пурра »

Ном

Ҳар кас бояд таърих ва маънии номи худро донад. Одамон аз замонҳои бостон ба масъалаҳои интихоб ва моҳияти номи фарзандонашон аҳамияти калон медоданд. Шарҳи ном аз тарафи мутахассисон ба соҳиби он имкон медиҳад, ки ҳамаи мароҳили пайдоиш ва ташаккули номи худро бидонад. Барномаи «Ном» ба шумо кӯмак мерасонад, ки аз таърихи пайдоиш ва тағйироту таҳаввули номи худ огоҳ бошед. Муаллифи барнома: Ҳалимахон Ғолибова Коргардон: Музаффар Сулаймонов Маълумоти пурра »

Аз таърихи варзиш

Варзиш таърихи қадима дорад. Намудҳои гуногуни он монанди тирандозӣ, аспдавонӣ, муштзанӣ, якҳарбаҳои шарқӣ ва дигарҳо, ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз мелод вуҷуд доштанд. Барномаи «Аз таърихи варзиш» дар бораи таърихи пайдоиши ин ё он намуди варзиш ва қоидаҳои он ҳикоят мекунад. Муаллиф: Сиёвуш Хидиров Маълумоти пурра »

Кулоҳи сеҳрнок

Ин барномаи шавқовар барои кӯдакон ва наврасон аст. Дар барнома чашмбандиҳои ҷолиб ва ҳайратовар намоиш дода мешавад, сипас барандаи барнома роҳу усули иҷрои ин чашмбандиҳоро ба иштирокчиён ва тамошобинон нишон медиҳад. Муаллиф: Сиёвуш Хидиров Коргардон: Аслам Ёдгоров Баранда: Диловари Сайфиддин Маълумоти пурра »

Асрор

Ҳадафи ин барнома огоҳонидани бинандагон аз асрори улуми тиб, ситорашиносӣ, физика, химия ва илмҳои дигар мебошад. Дар барнома сухан дар бораи асрори нокушодаи табиат, кайҳон ва унсурҳои он сухан меравад. Муаллиф: Сиёвуш Хидиров Маълумоти пурра »

Scroll To Top